- Мулло Амин, сӯхтем. Рафту агар он қосиди лаънатӣ ба даст афтад, то ба ману худат ҳам мерасанд.
Сари ин масъала мо хеле майна об намудем ва ба хулосае омадем, ки танҳо садамаи автомобилӣ метавонад моро дар соя монад.
Сайф нақл кард, ки дар вақти хизмат дар кишвари ҳамсоя ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ борҳо тариқи бо тир сӯрох намудани чархи пеши мошинҳо онҳоро ба ҷарӣ фиристодааст. Интернатсионалисти собиқ бандаро бовар кунонид, ки дар сурати аз дараҷаи миёна боло будани суръат ҳангоми расидани тир ба чархи пеши мошин аз самти ҷарӣ фишори дохили чарх фишурда шуда, қувваи кашишро ба ҳамон тараф ба вуҷуд меоварад, ки ронанда ҳатто имкони пой ба тормоз бурданро намеёбад. Пурсидам, ки дар чунин муҳлати кӯтоҳ яроқро аз куҷо мегирем. “Хонаи гург бе устухон намешавад, - гуфт Сайф, - агар худат он тарафи корро ба душ гирӣ, яроқ ҳам пайдо мешавад.” Чун вай розигии бандаро барои иҷрои амалиёт гирифт, худи ҳамон шаб маро ба вохӯрӣ даъват намуда ба дастам як АКС ва даҳ дона тир дода таъқид намуд, беҳтар мешуд агар ман ба он ҷо бо мототсикли дучарха мерафтам. Боқӣ ҳамаашро шумо медонед.
Мо боз ба чанд суоли дигар посух гирифта, сипас протоколи пурсиши гумонбаршударо бо имзояш тасдиқ намудем.
...43...
Дар анҷоми суҳбат нигоҳи муфаттишро маҳзун дидам ва ин ҳама нишонае аз андешаи зиёд, аз ҷаҳду талошҳои беохир дар атрофи ин парвандаи бе сару нӯг буд ва чун мо нӯги калобаро ба даст овардем, ресанда лаҳзае ҳам бошад, дами осуда кашида, симои аслии хешро ошкор сохт. Хостам муфаттишро аз иҷрои амали навбатии ба нақшагирифтааш бо баҳонаи он ки офтоб аллакай ба ғурӯб рафтааст, боздорам.
-Тезии корд дар нӯги корд гуфтанд, - эътироз намуд муфаттиш.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




