Чун ман аз ҳодисаи байни вай ва роҳбари корхонаашон огоҳии пурра доштам ва медонистам, ки Руҳулло Ғаффор аз тарси духтари сарвари корхонаашон Шаҳнози Зокир чун фирорӣ ҳамеша дар гурез аст, маҳз ҳамон духтарро ҳадафи амалиёти навбатӣ қарор додам. Ман акси Шаҳнозро ба Аваз нишон дода, хоҳиш намудам саҳначаи хурд, вале безарареро ба ивази дусад доллар иҷро намояд. Баъди дунболагириҳои зиёде Шаҳноз ба қабристони шаҳр рафт, ба ҷое рафт, ки иҷрои амал мушкилиеро пеш намеовард. Худам аз Аваз ҷудо шуда, рафти супориши додаамро аз дур ба зери назорат гирифтам. Дар ҳамон ҷо дилам ба ёвари манқуртам сӯхт, вале боз ҳамон домоди нокомро ба ёд овардам ва ӯро осуда намуда гуфтам, ки ба Обшорон равад ва дигар нӯги биниашро дар шаҳр нишон надиҳад. Баъзе ҳолатҳои корро пинҳон намуда, аз Сайф маслиҳат пурсидам. Қосид ба хатое роҳ дода, ва аҷаб нест ҳамаи моро ба бало гирифтор насозад, Сайф Орифро аз пешомади нохуше огоҳ карда гуфтам ман. Маҳз дар ҳамон лаҳзаҳои тақдирсоз мо дубора “домод”-и Сафол Фотеҳро ба ёд овардем. Чун акси эшонро дар тамоми шаҳр ба мадди тамошо гузоштанд, Сайф тариқи кадом як духтархолааш, ки дар маҳалаи Сари-Осиё зиндагӣ дорад, овозаи дар ҷинояти мудҳише даст доштани собиқ домоди нокомро паҳн кард. Овоза то ба ҳадде ҷонхарош буд, ки худи “гунаҳкор” баҳри дифои ҳуқуқҳояш ба милиса омад. Чун Сайф Ориф дар он маҳал чашму гӯши хешро дошт, аз ҳар як қадами гумонбаршуда воқиф шуда меистод. Гумонбар бошад, ҳамаи балоҳои ба сараш омадаро аз дасти собиқ падарарӯсаш Сафол Фотеҳ медид. Аз чунин ранг гирифтани ҳодисаҳо Сайф қабат – қабат гӯшт мегирифт, вале ҳодисае шуду ҷабрдида қотили аслӣ будани домоди нокомро рад кард ва ҳамаи инро сабаб кади пасти қотил буд. Баъди хабари навбатӣ Сайф Ориф бандаро ба наздаш даъват карда гуфт:





