Ин ҳодиса қалбу рӯҳи вайро бишикаст, вале сир бой намедод.
-Пас агар чунин аст, ӯ қотили Руҳулло Ғаффор аст?
-Не, ӯ дар ин амал даст надорад.
-Шумо ба ин кафолат дода метавонед?
-Албатта.
-Тарзе сухан мегӯед, ки гӯё қотили аслиро медонед?
-Ӯро ман парондам ва ин амаламро ду сабабе ҳаст.
-Хуш он чӣ гуна сабабҳоянд, ки боиси ба чунин як ҷинояти вазнин даст заданатон шуд?
-Баъди вохӯрии вай бо ронандааш дар қаҳвахонаи “Дидор” ман ба хулосае омадам, ки тайи чандсоли охир ӯ маро фиреб дод ва дигар баргардонидани қарзаш ҳам ба гумон аст, вале ин сабаби аслии ба чунин амал даст задани банда набуд.
Сабаби асосӣ он буд, ки чанд моҳ пештар ман аз ҳамсарам ҷудо шудам ва ду фарзанди кучакамро зиндаятим кардам ва медонед бо гуноҳи кӣ?
-Аз куҷо донем.
-Бо гуноҳи ҳамон оқипадар, чунки ӯ нону намаки маро хӯрда, ба намакдонам туф кард. Ман вайро акаи қиёматӣ мепиндоштам, вале ӯ ба ман хиёнат кард. ва чанд моҳи дигар ба хотири бозгардонида гирифтани қарз тоқат кардам, ҳатто ба ҳамсари хиёнатпешаам ин асрорро ошкор накардам ва гуфтам, ки ҷавонзани дигареро дӯст медорам ва чун мо никоҳи расмӣ надоштем, худам аз хона баромада рафтам. Ба саг марги сагона ва барои ин амалам афсӯс ҳам намехӯрам.
-Шояд ба сухани бадгӯе гӯш карда, ба хато роҳ дода бошед?
-Бе санҷиши аниқу дақиқ инсон ҳаргиз ба чунин амали мудҳиш даст нахоҳад зад. Ба замми ин, ман боварии кулл доштам, ки гуноҳро дар он куштор ба души ронандаи рафиқаш, ки нав аз ҳабсхона баромадаву боз барои гум шудани бор ба ӯ таҳдид намуд, бор мекунанд. Дар ин самт ман осуда будам, чунки таҳдидҳои ронандаро Авази Аъзам дар қаҳвахона сабт карда буд ва танҳо баъди анҷоми амалиёт ман фаҳмидам, ки шабона ронандаро ба беморхона бурда ҷарроҳӣ намудаанд. Чун ман зиндагиномаи вай оқипадарро аз худаш зиёдтар медонистам ва ба бахти баландам, то кунун ба Авази Аъзам барои корҳои пештарааш ҳисобӣ накарда будам, ӯро ба вохӯрии таъҷилӣ даъват намудам.





