Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 220 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 220 аз 527 · 2 ноябри 2026

Аз рӯи аксҳои шиносаш тариқи компютер мо онҳоро тарҳрезӣ намудем. Албатта, барои иҷрои ин амалҳо Сайф Ориф бароям маблағи муайяне ҷудо намуд. Чун ман аксҳоро ба домод нишон додам, ӯ ба ҳақиқи буданашон бовар кард.
Пас аз маърака Сайф Ориф иқрор шуд, ки банда супориши вайро дар сатҳи хеле баланд иҷро намудам. Ба ӯ фаҳмондам, ки домодтӯра ба ҳамон қосиди навамон ниҳоят монанд, чун як себи дукафон.
-Амин ҳоло рафти воқеаҳоро интизор мешавем, аҷаб нест, ки ҳамин домоди гуфтаатон ба мо боз лозим шуда намонад
-Пурсидам,чӣ хел?
-Сафол Фотеҳ ин масъаларо хомӯш нахоҳад монд ва агар ӯ ба оғози амал даст занад, анҷом додани онро мо худ ба душ мегирем. Бо гузашти расо як сол боз Сайф Ориф он домоди нокомро ба ёд овард ва мо хостем вайро ба ҷой қосиди асли дар амалиётҳои ба нақша гирифтаамон муаррифӣ намоем, вале мутаассифона, дар ин амал низ ба хато роҳ додем, чунки тарсидем. Аз он тарсидем, ки мабодо Авази Аъзамро дастгир намоянду ӯ асли воқеаҳоро гуфта диҳад.
-Сабаби чунин хусумат байни ин ду тан дар чист?
-Гумон мекунам сабаби ҳамаи ин тиҷорат аст ё, кӣ медонад байни онҳо боз чӣ асрорест?
-Аз рӯи хабарҳои то ба ин дам ба мо расида Сайф Ориф ҳатто дар ҷанозаи собиқ ҳамхизматаш Руҳулло Ғаффор иштирок накардааст. Нуқтаи назари шуморо дар ин бора донистан мехоҳем?
-Дигар кас ҳам ба ҷой вай мебуд, айнан чунин рафтор мекард.
-Мафҳуми суханрониҳоятон барои мо чандон фаҳмо нест.
-Чанд моҳ пеш аз ин ҳодиса хонаи Сайф Орифро ба мақсади ёфтани маводи мухаддир мавриди кофтуков қарор доданд, вале соате пеш аз кофтуков ман он маводҳоро ба ҷойи дигар интиқол дода будам. Сайф бар он андеша аст, ки ба ҷуз дӯст ва ҳамхизмати собиқаш, каси дигар дар бораи он маводҳо хабаре надошт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан