Андеша намуда, ба хулосае омадам, ки аз ҳабс шудани вай ба ман манфиате нест ва дар ин бора соҳиби борро ҳам огоҳ намудам, то нашаваду...
Одами давлати бегона ҳам бошад, ба хотири ҳамкориҳои минбаъда дар нисбати бори гумшуда пешниҳоди бандаро барои муваққатан гирифтани тайм–аут пазируфт. Сипас ӯ маро барои кор ба назди дӯсташ Сайф Ориф фиристод. Ман аз эшон, ки тоҷири калон буд, қарз гирифта, бо соҳиби бор ҳисобамро баробар намудам ва бо ин амалам дар назди аҷнабие шарафи хеш ва ҳам шарафи давлати хешро ҳифз намудам. Гумон доштам, нафаре, ки борро гум кардааст, оқибат ҳисобашро бо ман баробар хоҳад кард, вале чунин нашуд, ӯ муддате гум шуда ба Русия рафт, сипас омада дар маҳалаи Буни Ҳисорак хона харид, вале андешаи баргардонидани қарзро накард. Дар охир гуноҳро ба души нафари дар зиндон буда бор кард. Чун ман аз Сайф Ориф қарзи калон гирифта будам, дигар аз ягон амраш саркашӣ карда натавонистам ва ба қавле ғуломи ҳалқабаргӯши вай гаштам. Маҳз тавассути ман ӯ ниятҳои нопоки хешро амалӣ мекард. Албатта, ҳар як амали анҷомдодаи ман аз тарафи фармоишгар қадрдонӣ мешуд ва бо ин васила ман беш аз 80 фоизи қарзамро ҷуброн намудам. Рафту агар бандаро дар дидбонгоҳи берун аз шаҳр боздошт намекарданд, ман тамоми қарзи хешро ҷуброн менамудам, вале афсӯс, ки аз 5/1 ҳиссаи он то қиёмат монд.
-Тӯй бо гуноҳи кадоме аз шумо вайрон шуд?
-То лаҳзаи тӯй ман қариб нисфи қарзамро адо намуда будам ва Сайф Ориф ҳафтае пеш аз тӯй бандаро ҳушдор дода гуфт, агар тӯйхонаро ба мотамсаро табдил дода тавонӣ, боз
30 фоизи қарзатро мебахшам. Аз чунин додугирифти судманд сар печида натавонистам.
-Акси арӯсро чӣ тавр пайдо намудед?
-Зинда бодо интернет, дар он на танҳо акси арӯс, балки акси ҳамаи онҳое, ки дар сайт бо вай дар тамос шуда буданд, ёфт шуд.





