Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 218 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 218 аз 527 · 2 ноябри 2026

Мусоҳибамон чун ғаввос сари андешаҳои хеш ғӯтта мезад ва ба хулосае омадам, ки садои дили вай бо садои тиқ-тиқи соати деворӣ ҳамоҳанг гашта, тиқ-тиқ...
-Пас чӣ шуд? - ниҳоят инони ихтиёр аз даст дода пурсид муфаттиш.
-Нафаре, ки замоне дастам гирифт, дубора маро ба гирдоби фано тела дод.
-Чӣ хел?
-Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро. Банда низ дар мақоми қосид вақти зиёд кор накардам ва чун хариташинос худро дар як муддати кӯтоҳ муаррифӣ карда тавонистам. Аз рӯи нақшаҳои кашидаи ман интиқолдиҳандагони маводи мухаддир, қариб бе мамониат сарҳадро убур мекарданд ва ин ҳолат мақому манзалати бандаро дар аҳроми (пирамидаи) ҷиноӣ хеле баланд бардошт. Як сухани банда кофӣ буд, ки аз он тарафи рӯди Ому ба нафари ношиносе, ки бо тавсияи банда барои гирифтани бор рафтааст, кумак намоянд. Ҳамин тавр, ман аз қосид ба миёнаравӣ гузаштам. Чор сол пеш нафаре, ки замоне барои ёрӣ доданам ба ман сад доллар дода буд, наздам омада кумак хост. Гуфт, пули нақд надорам, вале онро дар муҳлати кӯтоҳ меёбам, чунки тариқи мошин ба Русия меваи хушк мебарам.
Ман ҳам оқибати амаламро дар мизони ақл нагузошта, чун кафил дар байни вай ва соҳиби бор, ки сокини давлати ҳамсоя буд, баромад намудам ва сарсонию саргардониҳои зиёдеро ба сари хеш овардам.
-Оқибати миёнаравӣ бо чӣ анҷомид? - ба суҳбат ҳамроҳ шуда пурсидам ман.
-Нафаре, ки банда чун миёнрав ва кафил дасташ гирифта будам, борро гум кард. Дурусттараш, вай ва рафиқашро дар кушторе айбдор намуданӣ шуданд. Шояд тафтишот муҳимияти ҳодисаро ҳадафи аслии хеш қарор надод ва ҳодисаро, ки тариқи мошин рух дода буд, аз беэҳтиётӣ ба қалам дода, ронандаро ба курсии ҷиноятӣ кашиданд ва ҳаммаслаки вайро озод намуданд. Маҳз ҳамон кас бандаро бовар кунонид, ки то баромадани ронанда сабр бояд кард.
Хостам ин масъаларо ба таъхир наандозам, вале он кас гуфтанд, ки ҳама гуна ҳаракати беҷо метавонад боиси барангехтани шубҳа дар тафтишот гардад ва агар чунин шавад, ӯ низ ба муҳлати тӯлонӣ ҳабс мешавад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан