Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 217 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 217 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ҳеҷ як инсони солимақл худро ба гирдоби бало ҳаво намедиҳад, вале ҳар инсоне, ки мутеъи нафс мегардад, хоҳу нохоҳ бозичаи дасти дигарон мешавад.. Интиқоли маводи мухаддир ин бозёфти ман нест, дар ин ҷода номи маро на дар сархат ва на дар охири дафтар ҷой додан аз рӯи адолат нест, вале онро аз дафтар ҳам бурун намудан дигар маъние надорад, чунки банда бо далелҳои шайъӣ ба даст афтодам ва дигар чӣ ҳам метавон гуфт... Замоне рӯзгори хушу осоишта доштам, бо меҳнати ҳалол як луқма нони хешро ёфта мехӯрдам, вале зиндагии шоҳонаи баъзе ашхосро, ки дасташонро дар косаи оби хунук назада, ризқу рӯзиашонро пайдо мекарданд, дида, ҳавасам меомад ва акнун ба орзуҳоям расидам, - оҳ кашида гуфт Амини Аскар.
Муфаттиш аз сабуи шишагин об рехта пеши сухангӯ гузошт.
Боздоштшуда пиёларо ба даст гирифта, чун ҷуръаи май дар ду қулт онро ба ҳалқ рехта, барои илтифот ба муфаттиш изҳори сипос намуда, боз риштаи суханро ба даст гирифт:
-Рӯзе ба хонаи мо тоҷире омад ва бо нархи мувофиқ меваи хушк харидорӣ намуд. Сипас, аз ман хоҳиш намуд, ки дар ёфтани чунин навъи маҳсулот ба вай кумак намоям. Розӣ шудам. Ин амали бандаро низ вай ҷуброн намуд, яъне, барои кори ночизе ба ман сад доллар дод. Он шаб вай дар хонаи мо меҳмон шуд ва бо кадом як сеҳру ҷодуе бандаро розӣ кунонид, ки ба вай дар дастрас намудани маводи мухаддир ёрӣ диҳам. Дар тӯли чанд моҳ бо дастгирии бевоситаи ҳамон нафар ман дар маркази шаҳр як хонаи сеҳуҷрагӣ харидам...
Агар мумкин бошад? - ба тарафи сабуи дар гӯшаи мизи кори буда, ишора намуд ӯ.
Муфаттиш боз ба пиёла об рехта, ба дасти мусоҳибаш дод.
Боздоштшуда пиёлаи дуюмро холӣ намуда, ба гӯшаи миз гузошта ба андеша рафт. Хомӯшии ба амал омадаро танҳо тиқ
– тиқи соати деворӣ халалдор мекард. Дуздида–дуздида ба сӯи нафаре, ки интизори шунидани каломаш будем, нигоҳ кардам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан