-Худ гуфтед, ки баландии об барои одами ғарқшудаистода дигар фарқе надорад. Мо бошем бар он назарем, ки барои шумо ҳамон ҳодисаи ба сари Авази Аъзам овардаатон ҳам кофист, вале тафтишотро дар ин самт ҳадаф дигар аст.
-Пас донистан мехоҳам он чӣ гуна ҳадафест?
-Ҳадафи мо чун ҳамон шиори замони шӯравист:-“Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ.”
-Дигар аз он давлат ному нишоне намонда, пас чӣ лозим коҳи кӯҳнаро бод намудан?
-Чархи гардун ҳамеша дар гардиш аст, вале инсон гоҳо ба амалҳое даст мезанад, ки анҷомаш ноаён аст, бехабар аз он ки худи ҳамин чарх ӯро боз ба нуқтаи аввала меорад.Дар ҳодисаҳое, ки шумо даст доред, мо айнан ҳамин ҳолатҳоро мушоҳида намудем.
-Кадом ҳолатро?
-Ҳамааш аз ҳамон тӯйхона сар шудааст. Бубинед, шумо ба домод некӣ кардан хостед ва ӯро аз кирдорҳои пасипардагии арӯс огоҳ намудед, вале ҳадафи шумо на арӯс, балки падараш буд. Чун домод аз кирдорҳои зиштатон огоҳ набуд, тӯйхонаро ба мотамсаро табдил дод, вале он ҳама тадбири андешидаи шумо дар назди тақдири Худованд оҷиз монд, чунки ҳамин домоди ноком шуморо тавре муаррифӣ намуд, ки дигар ёфтанатон душвориеро пеш наовард. Падари арӯс аз рӯи нишонаҳои дар ёди домодаш монда бе ягон истиҳола кию чӣ кора буданатонро гуфт. Табибон бар он назаранд, ки дили инсон ба андозаи мушти ӯст, ба таври дигар гӯем, маҳаки аосии ҳаракати хуни инсон ниҳоят хурд аст, вале бузургии инсонро низ аз рӯи дилаш баҳо медиҳанд. Дар нисбати инсонҳои нек мегӯянд, ки дили бузург дорад, вале мо ҳеҷ фаҳмида натавонистем, ки дар ҳамин қалби кучаки шумо ин қадар бухсу кина чӣ тавр ҷой гирифтааст. Ҳар қадар мо дафтари рӯзгоратонро варақгардон намудем, дар торҳои танидаатон бештар дармондем, мисле, ки инсон не, балки тортанак тор танида бошад. Ин ҳама торҳои танида маҳсули эҷоди шумост ва ё аз Сайф Ориф, мо то кунун намедонем, вале дер ё зуд ҳарчи дар дег ҳаст, рӯи кафлес хоҳад омад. Бинобар ин, бори дигар шуморо огоҳ мекунем, ки вазъи бе ин ҳам мушкили хешро мушкилтар накунед.





