-Аз марги хеш хабар дораму аз ҳодисаи мазкур не.
-Чунки ҳар он чӣ мо хостем, на он мешавад, балки ҳарчӣ Худо хост, ҳамон мешавад. Чун Авази Аъзам ҳамон бегоҳ сабти овози он ду нафарро бароятон дастрас намуд, шумо қасд ба ҷони нафаре намудед, ки ба амонат хиёнат намуда буд ва мехостед дар ин амал ҳамсуҳбати вайро гунаҳкор намоянд, вале бо амри тақдир ӯро ҳамон шаб ба беморхона хобонида ҷарроҳӣ намуданд. Сари субҳ баъди анҷом ёфтани амалиёт, чун фаҳмидед, ки тиратон хок хӯрд, рақиби дигари қарзидоратонро, ки нафраташ дар нисбати қарздори шумо беандоза буд, ҳадафи саҳнавии хеш қарор додед, то сояро дар ҳодисаи Лучоб аз худ дур созед. Аслан, минбаъд ҳодиса чӣ ранг мегирифт, бароятон фарқе надошт, чунки шумо таваҷҷуҳи тафтишотро дар нисбати нафаре бедор намудед, ки сояи Руҳулло Ғаффорро аз девор метарошид.
-Чаро ман қасд ба ҷони қарзидорам менамудам? Оё беҳтар набуд, ки вай зинда монаду қарзашро оҳиста - оҳиста баргардонад?
-Лаҳзае пеш гуфтед, ки тавонистед тариқи он сабт дурӯғгӯиҳои Руҳулло Ғаффорро собит намоед, то вай товони зарарро ҷо ба ҷо намояд.
-Инкор намекунам, вале мебинам, ки ман тут гуфтаму шумо бед шунидед.
-Мусиқии ноҷӯр ҳамеша дилхарош аст, дар ин ҷода моро гунаҳкор намудан аз рӯи инсоф нест. Айби мо нест, ки торамон садои хуш надорад, балки айби худи шумост, ки садои дилатонро бо навои зиндагӣ ҷӯр карда натавонистед. Худ иқрор шудед, ки роҳи сабуки зиндагиро пеша намудед, мо бошем, роҳи мушкилро интихоб намудем. Дар роҳи мушкил довталабон зиёд нестанд, чунки онҳо на ғуломи нафс, балки ғуломи қонун ва ҷӯёи адолатанд. Новобаста аз он ки шумо саҳнаҳои пурпечу тобро дар бозиҳои зиндагӣ ба нақша гирифтед, вале тақдиратон омад накард...
-Шумо наметавонед тамоми ҳодисаҳои минтақаро ба гӯши ман овезед.





