-Чӣ фарқ дорад, ки он роҳ дуруст аст ё каҷ. Чунин роҳҳоро нафароне интихоб мекунанд, ки мутеъи нафс гаштаанд. Нафс бошад, чун қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ қувваи кашиш дорад ва на ҳар фард аз он кашиш худро ҳифз карда метавонад.
-Мехостам дар бораи он тапончае, ки сарҳади давлатиро убур намуда, Авази Аъзам онро ба дастатон расонида буд, чанд сухан мегуфтед.
-Ман гирифтани тапончаи садодиҳандаро инкор накардам, вале онро ба нафаре фурӯхтам.
-Ному насаби харидор.
-Кадом савдогар номи харидорро пурсидааст ва чунин амал метавонад боиси қатъ шудани додугирифт гардад, ҳол он ки ман ба ивази он ҳазор доллар гирифтам.
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост, чунки шиори шумо ва шумо баринҳо ин “гӯр сузаду дег ҷӯшад” буд, ҳаст ва мемонад, ё гапам нодуруст? - пурсид Нӯшини Азиз.
-Чун банда ғуломи нафс гаштам, дигар бо шумо баҳс карданӣ нестам.
-Аққалан баҳри дифои хеш сухане мегуфтед!
...
-Чӣ илоҷ, модоме шумо худ ба дифои хеш сухане гуфтан намехоҳед, мо маҷбур мешавем саҳнаҳои эҷоднамудаатонро аз самти муқобил рӯйи навор оварем, - ҳамсуҳбаташро огоҳ намуд муфаттиш.
-Чӣ тавр аз самти муқобил? - баъди хомӯшии тӯлонӣ лаб ба сухан кушода пурсид боздоштшуда.
-Шумо тафтишотро бовар намуданӣ шудед, ки саҳнаи дар пеши қабристон тарҳрезинамудаатонро барои санҷиши Авази Аъзам тартиб додед?
-Инкор намекунам.
-Пас агар чунин аст, ба шохаҳои аз ин саҳна бурунрафта диққат диҳед.
-Мақсади шуморо нафаҳмидам.
-Ёдрас мешавам, ҳангоми дар аҳду паймон санҷидани дӯстатон ба ҷони духтаре қасд намудед, ки падарашро бо маслиҳати пешакӣ ҳамон ду нафари дар қаҳвахонаи “Дидор” суҳбаташон мавриди таваҷҷуҳи шумо қарор гирифта буд, ба қатл расонида буданд.





