-Мо ҳамон тӯйеро дар назар дорем, ки шумо ба домод аксҳои арӯсро дар кадом як намуди фошкунанда нишон дода, ба қавле тӯйхонаро ба мотамсаро табдил додед.
-Ҳар коре ҳам намудам, бо амри Сайф Ориф анҷом додаам, вале чунин ҳолатро дар ёд надорам.
-Вале домод шуморо нағз мешиносад.
-Арӯси бечораро дар нимароҳ монда, гуноҳро ба гардани дигарон бор кардан мехоҳад. Не, не, дар ёдам нест, шояд дар ин бора аз Сайф Ориф пурсед.
-Тӯйхонаро ба мотамсаро табдил додаву чизеро ба ёд оварда наметавонед, ин хеле аҷиб аст. Ба ростӣ, коргардонҳои беҳтарини синамо ҳам бояд дар назди шумо кулоҳ аз сар бигиранд.
-Ба кадом хотир?
-Ба хотири интихоби мавқеъ, бубинед саҳна дар пеши қабристони шаҳр, саҳна дар тӯйхона, ки қариб фоҷиаро мемонад ва боз мегӯед, ки ба кадом хотир. “Хоксорӣ” аз ин зиёд намешавад.
-Киноя мегӯед, рафиқ сардор.
-Ҳақиқатро гуфтам, ба ростӣ, на ҳар коргардон ҷуръат намуда, асари фоҷиавиро ба саҳна мегузорад, шумо бошед тавонистед комедияро ба фоҷиа табдил диҳед. Магар ин корнамоӣ нест ва боз чунин хоксорӣ. Ҳар чӣ буд ё набуд, бо дуою фотеҳаи шумо аллакай гузашт ва гумон намекунам, ки шарҳу эзоҳаш бароятон мушкилиеро пеш оварад.
...
-Шояд суҳбатро мавқуф гузорем? - пурсид муфаттиш.
-Лозим нест.
-Пас агар чунин аст, чаро хомӯширо ихтиёр намудед?
-Рӯзгори пуршӯру шари хешро ба ёд овардам.
-То ҷое мо иттило дорем, гуфта наметавонем, ки аз тангии рӯзгор ба чунин амалҳо даст задаед?
-Магар каманд нафароне, ки роҳи сабуки зиндагиро ҷӯё мешаванд?
-Роҳи каҷ мегуфтед, дурусттар буд.





