Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 212 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 212 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Гумон мекунам шумо намехоҳед, ки мо бо вай суҳбат намоем.
-Шумо чӣ тавр метавонед бо нафаре, ки дунёро падруд гуфтааст, суҳбат намоед?
-Пас агар чунин аст, чӣ ҷой пинҳон намудани ному насабаш?
-Магар Сайф Ориф нагуфт, ки тавсиядиҳандаро чӣ ному насабест?
-Вай гуфт, ки тавсиядиҳандаро Руҳулло Ғаффор ном аст ё шояд ӯ дурӯғ гуфт?
-Ҳамааш дуруст аст, чунки бо тавсияи худораҳматии акаи Руҳулло Сайф Ориф бандаро ба ҳайси ронанда қабул кард.
-Гуфтед, ки ӯ дигар дар қайди ҳаёт нест?
-Афсӯс ки ҳамин тавр аст.
-Оё вай бемор буд?
-Не, кадом худобехабаре қасд ба ҷонаш намуда.
-Пас чаро Сайф Ориф дар ин бора каломе ба забон наовард?
-Эҳтимол дар ин бора худи шумо напурсидед, вагарна акои Руҳулло ва Сайф Ориф ҳамхизматанд.
-Ҳамхизмат?
-Бале.
-Дар бораи муносибати онҳо чӣ гуфта метавонед?
-Ба донистани муносибати дигарон таваҷҷуҳ надорам.

  • Таваҷҷуҳ надоред, аммо мардумро пайгирӣ мекунед, - талх карда гуфтам ман.
    -Мардумро не, қарздорро пайгирӣ намудам ва бо ин васила ӯро маҷбур намудам қарзро баргардонад.
    -Дар бораи Сафол Фотеҳ чӣ гуфта метавонед?
    -Бори аввал чунин ному насабро мешунавам.
    -Вай низ шиноси қадрдони Сайф Ориф будааст ва шумо ҳамроҳи эшон дар тӯйи духтари Сафол Фотеҳ иштирок намудед.
    -Ман дар бисёр тӯйҳо иштирок намудам, дурусттараш Сайф Орифро ба тӯйҳо бурдам, вале ному насаби онҳо дар ёдам нест. Дар тӯйҳо садрнишин Сайф Ориф буд ва ман аз хизматгоре беш набудам ва рафту соҳибхона агар маро таклиф мекард чӣ хуб, вагарна бозгашти Сайф Орифро дар сари чанбараки мошин интизор мешудам.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан