-Муҳим бисёр муҳим
-Онро ман ба қубури обгузар партофтам.
-Тафтишот донистан мехоҳад, ки дар қаҳвахонаи “Дидор” шумо киро пайгирӣ мекардед ва Авази Аъзам бароятон сабти овози киро пешкаш намуд?
-Нафаре аз ман қарздор буд, дурусттараш маблағи бори гирифтаашро баргардонидан нахост, баҳона пеш овард, ки борро гум намудааст. Аз ин рӯ, ман Авазро аз паяш фиристодам то ба ин масъала рӯшанӣ андозад.
-Натиҷаи он пайгириатон чӣ шуд?
-Тариқи сабти овоз ман дурӯғгӯии қарздорро собит намудам ва ӯ товони зарари расонидаашро баргардонд.
-Ному насаби қарздор ?
-Нафароне, ки ба интиқоли маводи мухаддир даст мезананд, на ҳамеша ному насаби аслии хешро мегӯянд. Ӯ худро Аҳрор ҳа, Аҳрори Валӣ гуфта муаррифӣ намуда буд.
-Авази Аъзам гуфт барои саҳнаро дар назди қабристони шаҳр бозӣ намуданаш шумо ба вай акси духтареро, ки бояд муҷозот мешуд, нишон додед ва акнун мегуфтед, ки соҳиби аксро чӣ ному насабест?
-Ман ҳамин хел акси нафареро, ки вориди қабристони шаҳр шуда буд, тариқи телефон барояш фиристода гуфтам, ки ҳангоми аз дарвозаи қабристон баромаданаш тариқи тапончаи гази ӯро ба ҷояш шинонад. Чӣ хеле аллакай гуфта гузаштам, ин ҳама барои санҷиши Аваз буд. Ному насаби духтарро бошад, намедонам. Ҳаминаш намерасид, ки ман рафта, аз нафаре, ки ба қавле қасди ҷонаш намуда будам, ному насабашро пурсам.
-Сайф Ориф гуфт, ки шуморо бо тавсияи кадом як шиносаш ба кор гирифтааст, бемалол бошед, ному насаби тавсиядиҳандаро мегуфтед?
-Чӣ шумо бо вай суҳбат кардан мехоҳед?
-Шояд.
-Нафаре, ки борҳо маро дар зиндагӣ даст гирифт, афсӯс дигар дар қайди ҳаёт нест.
-Боварии кас намеояд.
-Чаро?





