Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 210 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 210 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Акнун ман ҳамон нафари ғарқшудаистодаро мемонам, мефаҳмед?
-То андозае.
-Барои ғарқшудаистода дигар баландии об фарқе надорад.
-Баъди ҳамаи он “корнамоиҳоятон” мо ҳам дар ёрӣ додани шумо дасткӯтоҳем, вале итминони комил дорем, ки ҳангоми баррасӣ намудани парванда дар суд, тавбаи шумо ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба инобат гирифта мешавад.
-Магар чунин шуданаш мумкин аст?
-Агар тавба аз сидқи дил бошад, агар нафари пой ба болои қонун гузошта аз кирдори хеш пушаймон бошад...
-Дар нишондоди Авази Аъзам муболиғае нест.
-Яъне, шумо гуфтаҳои Авази Аъзамро тасдиқ мекунед?
-Бале.
-Пас агар чунин аст, мо шуморо гӯш мекунем, - риштаи суханро дубора ба даст гирифта гуфт муфаттиш
-Ман аллакай ҳамаашро тасдиқ намудам ва ба қавле гуноҳро пурра ба гардан гирифтам, боз чӣ мехоҳед?
-Шарҳу эзоҳи ҳар як амалатонро дар алоҳидагӣ.
-Мебинам, ки таваҷҷуҳи шумо нисбат ба шахсияти банда бе охир аст.
-Бале, чун таваҷҷуҳи занбӯр ба ширинӣ.
-Боз чиро донистан мехоҳед?
-Сараввал донистан мехоҳем, ки чаро беморе аз ноҳияи Обшорон шуморо дар ҳамаи бадбахтиҳои ба сараш омада гунаҳкор меҳисобад?
-Мегӯянд, ки мард ҳодисоти ба сараш омадаро аз Худо мебинаду номард аз рафиқаш, чӣ илоҷ, ки банда бо чунин ашхосе чун Авази Аъзам риштаи дӯстӣ пайвастам.
-Ба кадом хотир дар назди қабристони шаҳр аз тапончаи садодиҳанда (газовый пистолет) саҳнаеро барпо намудед?
-Ман ҳамин хел Авазро санҷидан хостам. Донистан мехостам, ки оё метавонам дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ба вай такя намоям.
-Тапонча ҳоло дар куҷост?
-Магар ин чандон муҳим аст?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан