-“Сабабҳои ба чунин ҳолат афтидани бандаро ҳамон нафаре медонад, ки дар як субҳи солеҳон маро ба вохӯрии таъҷилӣ даъват намуд.
-Ӯро чӣ ному насабест?
-Амини Аскар.
-Рафту вай аз ҳодисаи ба сари шумо омада бехабар бошад
- чӣ?
-Шумо то ҳоло бо собуни чунин афрод ҷомашӯи накардаед.
-Чаро мо ба суханони шумо бовар намоем, модоме ки далеле дар даст надоред?
-Дар ҳоле ман қарор дорам кӯшиши ёфтани ҳама гуна далел хандаовар аст, вале ман бо як масъуляти том иброз мекунам, ки ман Авази Аъзам борҳо ба Амин Аскар дар интиқоли маводи мухаддир ёрӣ додаам. Ҳамзамон, бо амри вай аз як пинҳонгоҳи наздикии сарҳад тапончаи садодиҳандаро ёфта гирифта, бурда ба Амини Аскар додам.
Боре бо хоҳиши ӯ дар қаҳвахонаи “Дидор” гуфтугӯи ду нафарро ба диктофон сабт намуда, субҳи рӯзи дигараш аз ҳамон тапончаи дар боло зикршуда дар назди қабристони шаҳр саҳнаи қасд ба ҷони духтареро, ки Амин аксашро ба ман нишон дода буд, анҷом додам. Ҳар як амали бандаро Амин ҷуброн мекард ва ман ӯро қариб бародари қиёматӣ хонда будам. Муҳим он аст, ки зинда мондам ва тайёрам барои амалҳои содирнамудаам дар назди қонун ҷавоб диҳам.”
-Хуш, ба инаш чӣ мегӯед? - баробари хомӯш намудани сабти овоз пурсидам ман.
...
-Шояд дар он суҳбат иштибоҳе шуда бошад? - хомӯшии вайро дида дубора пурсидам ман.
-Акнун чӣ мешавад? - ба ҷойи посух савол дод боздоштшуда.
-Ҳар амалеро подошест, вале тавба дар ҳама ҳолат мақбули Худованд аст, боқӣ ихтиёр шуморост.
-Дигар чӣ ҷойи пинҳон намудан.
-Хуб аст, ки фаҳмидед.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




