Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 208 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 208 аз 527 · 2 ноябри 2026

ки натиҷаи кор аён нест, пас маълум мешавад, ки савғо ба дасташ нарасидааст.”
-Модоме ки ӯ дар зери назорати шабонарӯзист, аҷаб нест савғоро аз ташхиси махсус нагузаронида бошанд. Акнун мехостем дар куҷо ва бо кӣ суҳбат доштанатонро шарҳ медодед. Ҳамзамон тафтишот донистан мехоҳад, ки қосид кист?
...
-Мебинем, ки то кунун дар кадом вазъ қарор доштанатонро дарк накардаед. Гумон доред, ки мо бо шумо бозии мушу гурбаро анҷом доданием, вале мутаассифона, ин хел нест, чунки нафаре дар беморхонаи Обшорон баъди ду ҳафтаи дар ҳолати беҳушӣ будан сию шаш соат пеш ба ҳуш омад ва ҳодисаеро нақл кард, ки мо худ ангушти ҳайрат газидем.
-Ҳодиса дар Обшорон бошаду мо ин ҷо, пас куҷост пайвастагӣ? - ба дифои хеш бархост боздоштшуда.
Аз чунин рафтор қалбам фишурда шуд ва агар дар дафтари кории муфаттиш намебудам, намедонистам ба чунин посух чӣ ҷавоб мегуфтам, вале хомӯш нишастан ҳам ба манфиати тафтишот набуд. Аз ҳамин лиҳоз ба ӯ гӯшрас намудам, ки тахминан се ҳафта пеш дар шоҳроҳи минтақаи кӯҳии Обшорон – Душанбе мошине ба ҷарӣ рафтааст.
Ташхиси автотехникӣ муайян намудааст, ки садамаи нақлиётӣ тасодуфӣ набуда, дар натиҷаи таъсири омилҳои беруна ба амал омадааст.Чун ин амал натиҷаи дилхоҳ ба бор наовардааст, нафарони садамаро ташкилкунанда кӯшиш ба харҷ доданд, ки мақсадҳои нопоки хешро бо роҳи ба бемор фиристодани маводи ғизоии заҳролудшуда амалӣ намоянд, вале бо амри тақдир ин даъфа низ тири бадхоҳон хок хӯрд ва акнун ҳамон нафаре, ки бояд ҷон ба ҷонофарин месупурд, ба худ омада, рафти ҳодисаҳоро шарҳу эзоҳ дод ва агар шумо худ чизеро дар ёд надоред, пас гӯш кунед, ки бемор дар бораатон чӣ андешаҳо дорад? - гӯён ман аз муфаттиш хоҳиш намудам, ки дигар бо боздоштшуда хола – хола карда нишастан маъние надорад ва муфаттиш ҳам мақсади бандаро дарк намуда, тугмачаи диктофонро пахш намуд...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан