Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 207 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 207 аз 527 · 2 ноябри 2026

субҳи содиқ дигар чорае набуд. Ин дафъа шояд ба хотири бонуи ҳамроҳамон буда бошад, ки навбатдор ба ронанда супориш дод, ки моро то ба манзилҳои зистамон бурда расонад. Ба дерии вақт нигоҳ накарда, дар кӯчаҳои шаҳр ҳаракати нақлиёт хеле зиёд буд. Тахминан баъди понздаҳ дақиқа мо бо муфаттиш худоҳофизӣ намуда, роҳамонро давом додем. Чун пой ба остонаи хона гузоштам, чашмам ба соати деворӣ бархӯрд. Ақрабаки соат дақиқаҳои аввали рӯзи навро нишон медод. Чун дишаб шомили гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ва бо шарофати ташрифи Асад Ғанӣ сари субҳ хеле барвақт бистарро тарк намуда будам, мондагии зиёдеро ҳис намуда, таклифи Умедаро дар бораи тановули “шом” рад намуда, рост ба хонаи хоб гузаштам...
...42...
-О дирӯз ман ҳамаашро гуфтам, ё дар байни чор девори бетонӣ нишаста, барои шумо гап мебофам, - изҳори нигаронӣ намуд Амин Аскар.
-То ин субҳ мо ҳам бар он назар будем, ки дирӯз шумо аз самими дил тавба намудед ва бемуҳобот он тавбаи шумо ба мо ҳам хуш омад, вале тайи ҳамин муҳлати кӯтоҳ боз ҳолатҳое аёнамон гашт...
-Чӣ хел ҳолатҳо?
-Ҳолатҳое, ки шарҳу эзоҳи саҳеҳро мехоҳанд. Чун мо дар фаҳмиши ин фалсафа дасткӯтоҳем, шуморо ба ёд овардем, то дар ин самт каме ҳам бошад, моро даст бигиред.
-Чӣ тавр ?
-Ба хотир биёред, ки дар вохӯрии аввала мо сабти телефониеро манзуратон намуда будем, вале шумо хомӯш буданро алвотар донистед. Дар суҳбати дирӯза низ, ки дар иштироки ҳимоячиатон гузашт, шумо аз додани посух ба суол саркашӣ намудед, шояд ба қуввае аз ғайб боварӣ доштед, ки нафари аз гузаштаи шумо огоҳ дигар каломе ба забон оварда наметавонад, вале ҳамааш баръакс шуд, мефаҳмед?
-Намефаҳмам чиро дар назар доред?
Муфаттиш тугмачаи диктофонро пахш кард ва дар фазои дафтари корӣ сабти таърихи чандин рӯз дошта дубора садо дод: “Аз қосид дар бораи вай худозада пурсон шав, аз он чи

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан