Барқия дар замоне ба дасти мо расид, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдурашиди Шариф аз се ду ҳиссаи роҳро аллакай пушти сар намуда, ба Обшорон наздик мешуд. Аслан ман худам нияти ба Обшорон рафтан доштам, вале Ҳамид Ҷовид, ба ин сафар розӣ нашуда гуфт: - Беҳтар мешуд шумо, рафиқ капитан, ҳамроҳи сарвари гурӯҳи тафтишотӣ дар асоси хабарҳои аз Обшорон расида нақшаю чорабиниҳоро барои пурсиши боздоштшудагон тартиб медодед...
...41...
Давомнокии суҳбати Абдурашиди Шариф ва бемор Авази Аъзам ниҳоят кӯтоҳ ва сифати овоз ниҳоят паст буд, вале новобаста аз ҳама камбудиҳо ин нишондод қимати беназире дошт. Дар давоми ҳамин як сафари кӯтоҳ ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ муяссар шуд, ки норасоии ҳалқаро дар занҷира барқарор намояд. Ин амал ба вай чӣ хел даст дод, барои мо ҳам як муаммо буд. Ба шарофати ҳамин нишондод мо имкон пайдо намудем, ки нӯги гиреҳи ин парвандаи бе сару нӯгро ба даст гирем. Нишондоди мазкур метавонист як таконеро ба суръати ҳаракат аз самтҳои муқобил ба миён оварад. Ин амал дар пайвастшавии ҳалқаҳои занҷира, ки он бозгӯкунандаи худи муаммо дар кирдори боздоштшудагон, ки нафси саркаш ҳар кадомеро бо қувваҳои аҳриманӣ ҳамқадам намуда буд, дар фалсафаи зиндагии ба вуқӯъпайваста хизмат карда метавонист.
-Чунинашро интизор набудем, - баъди шунидани сабти овоз изҳори қаноатмандӣ намуда гуфт муфаттиш.
-Ба мақсад мерасад ҷӯёи кор оҳиста – оҳиста,25- гӯён Абдурашиди Шариф диктофонро ба ғалладони кориаш гузошт.
-Ҳа, оҳиста - оҳиста, - гуфт Нӯшини Азиз, ки акнун ба ғалаба дар набарди дар пеш истода боварӣ ҳосил намуда буд.
Чун Абдурашиди Шариф тамоми рӯз дар роҳ буд ва шаб ҳам аллакай аз нисф гузашта, моро ба ҷуз интизор шудани
25 Сухан аз А. Лоҳутӣ.





