Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 205 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 205 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Пас дар бораи гузаштагон ва табораш моро хабаре дар даст нест?
-Нест.
Нафаре ба дар ангушт зад ва интизори ҷавоб нашуда, дарро кушода пой бар остона гузошта гуфт:
-Асад Ғаниевич, эҳтимол, ин субҳ келин шуморо аз хона пеш намудааст.
-Ҳамин хел, рафиқ полковник, - ба истиқболи Ҳамид Ҷовид бархеста гуфт прокурори ноҳия.
-Хуш дар ин субҳи солеҳон шуморо шамоли куҷо паронд?
-Дирӯз бо Сайф Ориф суҳбати тӯлоние доштам ва фаҳмидам, ки “бечора” қурбони нафс гашта, ба пой хеш кишанг задааст ва аз ҳамин лиҳоз хостам имрӯз нафсро лаҷом занам, бинобар ин бе тановули субҳгоҳӣ аз хона баромадам.
-Манзури ҷанобашон бод, ки мардумон як моҳи дароз рӯза медоранд, вале чун ҷояш ояд, боз мутеъи нафс гашта, ба кори нолоиқе даст мезананд, боз нашаваду...
-Дарвозӣ, аз афти кор, ин субҳ сардорат ҳам луқмае ба даҳон набурдааст, рафту мо ҳарду нафсамонро кушем, гуноҳи эшон ҳам ба гарданамон мегардад...
Сари як пиёла чой суҳбати мо ранги дигар гирифт ва Асад Ғанӣ сухане гуфт, ки мо ангушти ҳайрат газидем. Аслан сабаби чашми рӯз накафида ба милиса омадани Асад Ғанӣ ин на суҳбати эшон бо Сайф Ориф, балки гирифтани хабар аз Обшорон будааст. Дишаб аз Обшорон ба прокурор писархолааш, ки дар шуъбаи эҳё навбатдор будааст, занг зада хабар додааст, ки бемор Авази Аъзам ба ҳуш омад ва ҳатто гап зад. Акнун маълумамон гашт, ки писархолаи Асад Ғанӣ дар Обшорон кору зиндагӣ мекардааст, маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардида ва ӯ шунавандаи аввалини ин хабар гардидааст.
Чун вай хабарро пас аз соати бисту се гирифта, қариб тамоми шаб мижа таҳ карда натавонистааст ва баробари дамидани субҳ аз хона баромада, то дар ҳамкорӣ бо милиса ин устухони дар гулӯ дармондаро ҳарчи зудтар бартараф намояд.
Дар ин бора соати 1020 дақиқаи субҳ аз номи сарвари ШКД-и ноҳияи Обшорон Раҷабалӣ Талаб ба унвони Ҳамид Ҷовид барқияи расмӣ ворид шуд, вале то он лаҳзаҳо қариб се соат вақти дигар буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан