Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 204 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 204 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Куҷояш нағз?
-Ҳамааш, чунки дар ҳарду нишондод ҳам рафти ҳодисаҳо як хел ба қалам дода шудаанд.
-Нафаҳмидам.
-Дирӯз ман ҳам бо Сайф Ориф суҳбат намудам ва ӯ низ муносибаташро бо ҳамхизмати собиқ чунин арзёбӣ намуд.
-Маълум ки шумо нисбат ба мо пешгомтаред. Мо ҳатто ёдрас шудани ин шиносоиро дар он лаҳзаҳо чандон ба мақсад мувофиқ нашумурдем, чунки нахостем бе далелҳои комил марги ҳамхизматашро ба ёд оварем.
-Эҳ дарвозӣ, дарвозӣ, ҳеҷ медонед, ки чун кӯза аз об пур шавад, он лабрез хоҳад шуд. Ба фикрам, шумо он қадар Амини Аскарро дар чашми эшон бад намуда, ки ҳисобаш гум... Маҳз ҳамин ҳолатҳо сабаб шудаву ӯро ба ифшои рози дилаш ҳидоят намуда. Ӯ гуфт, ки Амин Аскар ин бозёфти ҳамхизматаш Руҳулло Ғаффор аст. Дарвозӣ, мо ҳам дар корҳои тафтишотӣ аз рӯӣ вазъи ба вуқуъпайваста аз кадом нӯги гиреҳ доштанамонро медонем.
-Албатта.
-Банда ин каломро дар омади гап гуфтам, на аз баҳри худситоӣ.
-Вале бар хилофи дастовардҳои шумо ҳамсари Руҳулло Ғаффор дар бораи Амин Аскар хабаре надорад.
-Тазоди зиндагӣ ва тақозои замон ҳамин аст.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки Амини Аскар ва Руҳулло Ғаффор борҳо дар як нуқта хатти буришро убур намудаанд?
-Агар чунин намебуд, магар Руҳулло Ғаффор ба ҳамхизмати собиқаш чунин нафарро ба ҳайси ронанда тавсия медод?
-Ҳарчанд дар ин бора то кунун сухане гуфтан бармаҳал аст, вале мо бар он назарем, ки дар маҳалаи Лучоб тирро ба пешонии Руҳулло Ғаффор ҳамин ронанда ҷо ба ҷо намудааст.
Агар чунин аст, пас куҷост қарзи инсонӣ?
-Оқибат гургзода гург шавад, гарчи ба одами бузург шавад.
-Боз аксаре бар он назаранд, ки “ҳаромзода бувад фарзанди эшон.” -Ё ҳарду.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан