Ҳамин манзара мавҷи хаёлоти бандаро ба дуриҳои дур бурд... Дар замони мактабхониам ҳарчанд Наврӯз ҳанӯз мақоми ҷаҳонӣ нагирифта буд, вале дар дуртарин деҳаҳо ҳам онро таҷлил менамуданд ва дар шаби чоршанбеи охирини моҳ дар назди ҳар се - чор ҳавлии маҳалла як гулхан афрӯхта мардум аз болои он бо умед каломи “зардии рӯямро бигир, сурхии рӯят-ро бидеҳ” ба забон мегирифтанд. Аз шӯълаи гулхани фурӯзон рухсораҳои духтарони дар атроф буда арғувонӣ гашта, чун кулчаи ширмоли нав аз танӯр беруноварда метофт...
Занги телефон садо доду баҳри бардоштани гӯшак ман аз паси оинаи тиреза дур шудам. Гӯшакро бардошта гулӯ рӯшан намудам.
-Шаҳнози Зокир дар бораи афроде чун Авази Аъзам ва Сайф Ориф тасаввуроте ҳам надорад, - хабар дод Абдурашиди Шариф.
-Ҳамааш ҳамин?
-Ҳамин, вале мақсади занг заданам танҳо ин нест.
-Гӯш мекунам.
-Оё ба коргоҳ омадани ман дар ҳамин бевақтӣ шарт аст?
-Шарт нест!
-Хайр то субҳи дигар.
-Хайр.
...40...
Охири охирон сарназоратчии қонун Асад Ғанӣ ба мақоли халқӣ “қувваи мушт дар муттаҳидии ангуштон аст” сари таъзим фурӯ овард, ки сари субҳ рост ба милиса омад. Чун сарвари милиса то ҳанӯз наомада буд прокурор дилу бедилон ба ошёнаи дуюм баромада, қадам ба остонаи дафтари кории банда гузошта, аз натиҷаи корҳои дирӯза пурсон шуд. Чун вай аз самти корҳои дирӯзаи мо огоҳии пурра дошт, ба хулосае омадам, ки муфаттиш аз натиҷаи заҳматҳои гурӯҳи тафтишотӣ патронашро огоҳ намудааст.
Дар асоси талаби эшон анвои дирӯзаи дар кулвор бударо пешаш гузоштам, то худ шинос шудаву қазоват намояд.
-Бад не, сар аз болои коғазҳои дар пешаш буда бардошта гуфт ӯ.





