Ба фикрам, Сайф ҳам аз Руҳулло сахт ранҷида буд, чунки ӯ ҳатто дар ҷанозаи дӯсташ иштирок накард.
-Чӣ асрори ниҳоне.
-Нагӯед, акнун яке он асрорро бо худ ба он дунё бурд ва дуюмин низ ба гумон аст, дар ин бора каломе ба забон оварад...
Дар нимаи дуюми рӯз ман ба боздоштгоҳи тафтишоти ВКД ташриф оварда, оид ба Сайф Ориф бо Файз Камол суҳбат намудам. Файз Камол бандаро бовар кунонид, ки борҳо ҳамроҳи Руҳулло Ғаффор дар маросимҳои хосаи Сайф Ориф иштирок намудааст ва дуюминро тоҷири муваффақ арзёбӣ намуданд, вале ӯ гуфта натавонист, ки муносибати онҳо дар кадом поя қарор дошт. Ҳамаи инро шояд сабаб он буд, ки тайи чанд соли охир Файз Камол дар ҳабсхона буд.
Рафту агар ман шомили гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ намебудам, аз боздоштгоҳи тафтишотӣ рост ба хона мерафтам, вале масъулияти хизмати худ тақозо мекард, ки дар давоми бисту чор соати оянда роҳи хонаро ба гӯшаи фаромӯшӣ диҳам. Соате пеш аз ғуруби офтоб ба коргоҳ омадам.
Навбатдорро аз бозгашти хеш огоҳ намуда, ба ошёнаи дуюм баромада, дарро кушодам. Чун тиреза ба самти офтобнишин кушода мешуд, беихтиёр чашмам ба офтоби дар ғуруб буда бархӯрд. Офтоб аллакай паси қуллаҳои сар ба афлоккашидаи водии Ҳисор нияти панаҳ бурдан дошт, вале дар уфуқ нуре чун оташи гулхан ӯро дунболагир буд. Чӣ манзараи зебое! Офтоб ҳатто ҳангоми ба ғуруб рафтан ҳам рисолати неки хеш, ки он аз таъмини рӯшноӣ ва гармӣ иборат аст, ба гӯшаи фаромӯшӣ надода, то ҳадди имкон онро иҷро мекунад, вале инсонҳо аз ҳамин муъҷизаҳои табиат хулосаи даркорӣ намебароранд ва ба ҷои некӣ бадиро раво мебинанд, қасд ба ҷони якдигар менамоянд, мардумозорию мардумфиребӣ мекунанд.
Ранги зарди дар уфуқ пайдошуда чун баргҳои зардшудаи фасли хазонрез не, балки чун шӯълаи фурӯзони гулхан чашми ҳар бинандаро мерабуд.





