Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 201 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 201 аз 527 · 2 ноябри 2026

Бо ишораи сар ҷавоби инкор додам.
-Акнун танҳо акси ҳамхизматаш монд, вале он акс таърихи тӯлонӣ дораду ба Сайфи ҳозира монандие надорад, - гӯён нафаре, ки ба ёрии тафтишот дасту остин барзада буд, албомро ба пуррагӣ ба самти рост чаппа намуда, ин дафъа аз рӯи алифбои сирилик ба варақгардонии он оғоз намуд ва мисли оне, ки дар кадом саҳифа будани аксро медониста бошад, дар саҳифаи панҷуми он нигоҳашро ба акси дунафарае дӯхта гуфт:- Ана яке аз ҳаминҳо Сайф аст.
Дар акс, ки бо гузашти солҳо ранги зардро гирифта буд, ду нафар ҷавони низомипӯш чун нишоне аз гузашта дар саҳфаи таърих мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифт. Баъди таваҷҷуҳи зиёд ман аз рӯи симои муғулмонанди нафари дар тарафи рост буда симои Сайф Орифро шинохта гуфтам:
-Ана ҳамин кас Сайф Ориф.
-Дуруст, ин акс ягона нишонаест аз давраи хизмати онҳо дар кишвари ҳамсоя.
-Муносибати онҳо вақтҳои охир дар кадом поя қарор дошт?
-Падари Матлуба бар он назар буд, ки Сайф на танҳо бо замона, балки чанд қадам аз замона пеш аст. Ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар замоне, ки аксари мардум дар фикри зинда мондан буданд, Сайф дар фикри тиҷорат буд. Ба ростӣ, дар он солҳо ӯ борҳо дасти моро гирифт ва ҳатто Руҳуллоро ба тиҷорат ҷалб намуд. Пас аз оне, ки падари Матлуба ҳамроҳи Зокири Қосим тиҷорати хешро ба роҳ монданд, Сайф роҳи ин хонаро ба гӯшаи фаромушӣ дод.
Намедонам байни онҳо кадом як гурбаи сиёҳ гузашт, ки падари Матлуба дигар номи дӯсташро шунидан намехост...
-Оё шумо боре ҳам кӯшиши фаҳмидани дилсардии онҳоро накардед?
-Кушидам, вале бе натиҷа.
-Чаро дар ин бора аз худи Сайф напурсидед?

  • Чунин ҳолатҳо дар Ғарб душвориеро пеш намеорад, вале дар Шарқ чунин амал баробари болои сӯхта намакоб пошидан аст, зеро шарқиён шавҳарро чун қиблаи зан эътироф намудаанд ва гуфтушунид бо рақиби шавҳар ин баробари пушт ба самти қибла гардонидан аст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан