Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 200 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 200 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Беҳтар мебуд чун сарвари гурӯҳ ин самти корро шумо ба душ мегирифтед, чунки мо аллакай як маротиба аз суҳбати ронанда “баҳравар” шудаем. Мо бошем пурсишро аз самти муқобил ё худ аз Файз Камол, Шаҳнози Зокир ва аҳли оилаи Руҳулло Ғаффор оғоз мекунем.
-Бошад, - гуфт муфаттиш ва ману Абдурашид бо ӯ худоҳофизӣ намуда, аз бинои прокуратура баромадем.
...39...
-Сайф гуфтед?
-Бале, Сайф Ориф.
-Ҳа, худораҳматии Руҳулло бо чунин ном се дӯст дошт.
Ҳар кадоми онҳо борҳо меҳмони ин хонадон шуда буданд, вале афсӯс насаби онҳо дар ёди ман намондааст, - гӯён соҳибхона аз ҷояш бархеста, ба хонаи шафат рафт ва лаҳзае пас албоми хонаводагӣ дар даст боз вориди меҳмонхона шуд.
-Акси аксари дӯстони Руҳулло дар ҳамин албом ҳаст, марҳамат, канӣ бубинед нафари таваҷҷуҳатонро бедорнамуда ҳаст ё не?
Ман албомро бодиққат аз назар гузаронидам, вале акси нафареро, ки боиси ин ҳама саргардониҳоям шуда буд, ёфта натавониста гуфтам:
-Акси он кас нест.
-Шояд нафари таваҷҷуҳатонро бедорнамуда бо ин хонадон ягон иртиботе надорад, вагарна акси ҳамаи онҳое, ки Сайф ном доранд, дар ин албом ҳаст ва баҳри тасдиқи гуфтаҳои хеш ҳамсари бевамондаи Руҳулло Ғаффор худ албомро ба даст гирифта, онро чун китоби алифбои арабиасос аз тарафт рост ба самти чап варақгардон намуд.
Пас аз бозгардонии се - чор варақа дасташро болои расме гузошта гуфт:
-Ана яке аз онҳо.
Ман низ ба акс чашм дӯхтам, вале симои нафари ба худ шиносро надида ҷавоби рад додам.
Соҳибхона боз даст болои лисон бурда, онҳоро чаппа кардан гирифт ва чун варақаҳои албом аз нисф зиёд ба тарафи рост гаштанд, мусоҳибам нигоҳашро боз сари аксе қарор дода, андешаҳои бандаро фаҳмидан хост.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан