-Шумо нисбати пешниҳоди капитани милиса Сорбони Ҳомид чӣ андеша доред? - ба тарафи Сайф Ориф нигариста пурсид муфаттиш.
...
-Чӣ илоҷ модоме, ки хомӯш буданро алвотар медонед, ин имкониятро мо бароятон “фароҳам” меоварем. Конвой!
Бо шунидани ин садо ду нафар посбоне, ки дар долон интизори бурдани боздоштшударо доштанд, вориди дафтари кории муфаттиш шуданд...
Пас аз гусели Сайф Ориф мо боз соате дар дафтари кории муфаттиш сари нақшаю чорабиниҳои амалиёти дар пеш истода майна об намудем.
-Рафиқ капитан, мехостем андешаҳои шуморо дар бораи амалиёти дар пешистода шунавем, - ниҳоят муҳри хомӯширо шикаста гуфт муфаттиш.
-Корҳо на ба он дараҷае хубанд, ки мо гумон дорем, чунки дар нисбати ҳарду боздоштшуда мо ба ҷуз даҳ килограм маводи мухаддир дигар далеле надорем. Дурусттараш далел дорем, вале дар ҳар се ҳолате, ки мо ҳарду боздоштшударо гумонбар мешуморем, олоти ҷиноятро наёфтем. Ба гумон аст, ки кофтукови мо дар ин самт натиҷае диҳад.
-Кадоме аз ин ду боздоштшударо мо чун звенои суст метавонем истифода барем?
-Дар пурсиши Сайф Ориф мо беҳтарин саҳнаҳоро истифода бурдем ва то андозае қариб бе мамониат ба дастовард ноил шудем, вале ёфтани олоти ҷиноят ин мақсади асосии тафтишот аст. Аз ҳамин лиҳоз мо бояд нишондоди Сайф Орифро ба муқобили худаш истифода барем.
-Дар ин ҷода монеаеро намебинам.
-Дуруст, вале ин ҳама ба Амин Аскар таъсир мерасонида бошад, чунки ӯ дар назар ба патронаш чормағзи сахттарро мемонад.
-Сухан бишканад минбару дорро, - ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт Абдурашиди Шариф.
-Ҳақ ба ҷониби Абдурашид аст ва ҳар он чӣ ки Сайф Ориф дар бораи ронандааш гуфт, дар диктофон сабт шудааст.
Пас чаро мо онро истифода набарем?





