Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 198 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 198 аз 527 · 2 ноябри 2026

Танҳо як нафар намедонист, ки ин ҳама саҳначаи пешакӣ тайёрнамуда аст ва дар он гуфтугӯи телефонӣ танҳо ному насаби сарвари милисаи ноҳияи Обшорон ҳақиқӣ буду бас. Шояд ҳамин ном ба боздоштшуда шинос буд, ки баъди шунидани он мо як тағйироти ҷиддиеро дар симои эшон мушоҳида намудем.
Вай низ акнун бо андешаҳои хеш дар набард буд. Дар набарде, ки хайру шар даст ба гиребонанд ва ӯро вазифаи доварӣ ба душ афтода.
-Чаро ҳамагон ба даҳон об гирифтед? - ниҳоят муҳри хомӯширо шикаста гуфт муфаттиш.
-Бандаро фикри ба Обшорон рафтан ба сар омадааст, - гуфтам ман.
-Шояд ман равам? - хоҳиш намуд Абдурашид.
Албатта, нафаре аз моро ба он ҷо рафтан лозим, вале беҳтар мешуд, боз каме сабр менамудед, то бубинем мусоҳиби кунуниамон чӣ мегӯяд ва шумо ҳамагон шоҳид шудед, ки хабари аз Обшорон гирифтаамон бархилофи нишондоди мусоҳиби мост. Ба инаш шумо (муфаттиш ба тарафи Сайф Ориф ишора намуд) чӣ мегӯед?
-Ҳар он чӣ огоҳӣ доштам, аллакай гуфтам.
-Фикр мекунам, ҳама гуна ҳаракат аз ин самт моро аз марра дуртар мекунад. Аз ҳамин лиҳоз пурсиши боздоштшударо муваққатан ба таъхир андохтанамон лозим мешавад. Бигузор боздоштшуда дар ИВС сари кирдорҳои хеш бо ронандааш андеша намояд. То омадани ҳуҷҷатҳо аз Обшорон ман розигии прокурорро барои гузаронидани кофтуков дар манзили ҳарду боздоштшуда хоҳам гирифт.
Мегуфтед, ки кофтуковро аз манзили кадоме аз ин ду боздоштшуда оғоз намоем?
-Дар манзили нафаре, ки даст ба кисааш расонӣ, гард мехезад, ҷустани ҳама гуна осори ҷиноят маъние надорад.
Аз ҳамин лиҳоз, кофтуковро аз манзили иқомати домулло (ман бо ангуштам ба тарафи Сайф Ориф ишора намудам) сар намоем, беҳтар аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан