Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 197 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 197 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ба фикрам, дар минтақаи кӯҳӣ мошинсавор нохост аз пеши вай баромадааст ва ронанда имконияти боздоштани мошинро наёфта, ба ҷарӣ рафтааст.
-Чӣ тавр метавон ду нафаре, ки дар минтақаҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, дар як вақт дар як минтақаи хавфнок рӯ ба рӯ оянд? Ин як. Дуюм, нафаре, ки ба садама гирифтор намудани дигареро ҳадафи хеш қарор додааст, чӣ тавр фаҳмидааст, ки мошини аз муқобилаш омадаистода маҳз ҳамон аст. Ба ростӣ, ин қисми нишондодатон аз мантиқ дур аст, - эътироз намуд муфаттиш.
-Ҳар он чи гуфтам аз шунидаҳоям дар бораи он ҳодиса гуфтам. Амин ҳодисаро чунин шарҳу эзоҳ дода, аз ман маслиҳат пурсид ва банда ба вай фиристодани савғочаеро тавсия додам.
Занги телефон садо дод. Муфаттиш гӯшакро бардошта, худро муаррифӣ намуд.
-Аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Обшорон шуморо ташвиш медиҳанд, - шунидем мо овози нафари дар самти муқобил бударо.
-Шуморо гӯш мекунам.
-ШКД ноҳияи Обшорон ба барқияи таъҷилии шумо хабар медиҳад; -Мошине, ки мавриди таваҷҷуҳи шумо қарор гирифтааст, аз рӯи ташхиси автотехникӣ дар натиҷаи расидани тири 5,45 мм АКМ ба чархи қисми пеши тарафи чапи мошин, ки боиси якбора фишурда шудани фишори атмосферӣ ва кашиши ногаҳонии мошин дар самти ҳаракат ба тарафи чап ва ба ҷарӣ рафтани он шудааст. Ҳуҷҷатҳоро аз рӯи парвандаи мазкур тариқи почта ба шумо мефиристем.
Иловатан хабар медиҳем, ки табибон ҳолати руҳию равонии Авази Аъзамро мӯътадил арзёбӣ намуданд ва барои пурсиши вай ягон монеае нест. Имзо: Сардори ШКД ноҳияи Обшорон майори милиса Раҷабалии Талаб.
Муфаттиш гӯшакро болои аппарат гузошта гуфт: - Ҳаминаш намерасид.
Ҳамагон, аз ҷумла Сайф Ориф, ин хабари телефониро шуниданд ва муддате фазои дафтари кории муфатишро як ҳолати ороми фаро гирифт. Акнун ҳар нафаре аз иштирокчиён савори саманди андешаҳои хеш буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан