-Вай чӣ гуфт?
-Аслан ҳуқуқи суол доданро дар ин ҷо мо дорем, вале бар хилофи қоидаҳои идораамон баҳри ҳамдигарфаҳмӣ қадаме ба тарафи шумо мегузорем. Амин Аскар гуфт, ки шумо тариқи савғои бо дасти вай фиристодашуда мехостед нафареро, ки баъди садамаи автомобилӣ бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи ноҳияи Обшорон афтидааст, заҳролуд намуда, ба ҷаҳаннам фиристед. Соате пеш дар ин бора мо ба милисаи ноҳияи Обшорон барқияи таъҷилӣ фиристодем ва гумон мекунам то нимаи дуюми рӯз дар бораи шахсияти бемори ба марг маҳкумшуда маълумот мегирем, вале беҳтар мешуд шумо аввалин шуда, сабабҳои ба чунин амал даст заданатонро мегуфтед.
-Чаро вай худозада домани маро сар намедиҳад ва хуб мешуд агар боре ҳам гиребони хешро бӯй мекард.
-Вай гуфт, ки садама бо супориши шумо ва кӯшишҳои бевоситаи худи ӯ рух дод, вале анҷоми он бо хости шумо нашуд, бинобар он иҷрочиро бо савғо дубора ба беморхона фиристодед. Дар он ҷо ӯ хатарро ҳис намуда, савғоро бо дасти як духтари роҳгузар дода, хоҳиш намудааст, ки онро ба ҳуҷраи шашуми беморхона бурда диҳад. Ному насаби бемор ва бо кадом сабаб шумо қасд ба ҷони вай намудед? - пурсид Нӯшини Азиз.
-Вайро Аваз ном буда, чӣ тавр ба садама дучор шуданашро Амин Аскар медонад. Шояд байни Амин ва Аваз сари кадом як масъалае ҳамдигарнофаҳмӣ шуда ва Амин дар кадом як минтақаи кӯҳие ҳолати садамавӣ эҷод намуда, Авазро бо мошин ба ҷарӣ фиристодааст, вале ронанда ҷон ба саломат бурда. Зинда мондани рақиб хатари ҷиддиеро пешорӯи Амин овард ва дар ин бора аз ман маслиҳат пурсид ва аз беандешагӣ ман ба вай тавсия додам, то ба бемор “савғочае” фиристад. Э, садқаи маслиҳат шавад!
-Ҳолатӣ садамавӣ эҷод намудааст, гуфтанатон чӣ маънӣ дорад?





