-Вай худаш ҳама корро тахт намуда, аз ман ёрӣ хост.
Гуфт, роҳи дигари ҷуброн намудани қарзҳоямро надорад ва ман ба фиребу найрангҳояш дода шуда, барои овардани бор розигӣ додам.
-Аз сабти гуфтугӯятон бармеояд, ки шумо худ ҳидояткунанда ва супоришдиҳандаи ин кор ҳастед, ҳоло бошад, баръакс, гуноҳро ба сари ронандаатон бор кардан мехоҳед.
-Инкор намекунам, чунки вай бекафан пули борро чӣ тавр метавонист ҷуброн намояд ва ҳаргиз соҳиби бор бо нафаре, ки даст ба кисааш занӣ, гард мехезад, сари мизи гуфтушунид нахоҳад нишаст, аз ҳамин лиҳоз кафили вай дар ин гуфтушунид ман будам.
-Яъне шумо худ қосидро дидед?
-Не, вале ман бо вай тариқи телефон суҳбат намуда гуфтам, ки рафту агар Амин маблағи борро ҷо ба ҷо карда натавонад, ман кафолати пурраи бозгардонидани маблағи онро медиҳам ва ду рӯз пеш аз ин ҳодиса қосид занг зада, аз тайёр будани бор хабар дод. Дар навбати хеш ман ӯро барои он боре, ки худаш ёфта буд, ба назди қосиди шиносаш фиристодам...
-Вай бошад, сабти овози шуморо чун фармоишгар гирифт:- О балое!
-Ба фикрам, ҳамааш ҳамин хел, - оҳ кашида гуфт Сайф Ориф.
-Дар сабти телефонӣ шумо як ҷумлаеро, ба забон овардаед, ки аслан бозии кроссвордро ба ёд меорад.
Ронандаатон дар ҳалли он кроссворд ҳам хеле кӯшиш ба харҷ дода, шуморо дар он амалиёт ҳам ҳамчун супоришдиҳанда ба қалам дод. Албатта, ӯ худро дар иҷрои он амал бегуноҳ натарошид ва гуфт, ки ба чунин амал бо амри бевоситаи шумо даст задааст ва акнун аз кардааш пушаймон аст.
-Чӣ хел ҷумла, чӣ хел кроссворд?
Мо боз даст ба тугмачаи диктофон бурдем:
-“Аз қосид дар бораи вай худозада пурсон шав, аз он ки натиҷаи кор аён нест, маълум мешавад, ки савғо ба дасташ нарасидааст.” -Мехостем сабти овози хешро шарҳ медодед.





