-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро вай ба чунин амал...
-Фикри обро аслан дар соҳил намудан беҳтар аст ва ронандаи шумо низ барои рӯзи мабодо эҳтимол ҳамин ҳолатро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.
-Ман ба вай чун бародар муносибат доштам, ҳатто ба гӯшаи хаёл ҳам наоварда будам, ки рӯзе мешаваду ӯ сабти овози маро барои ҳимояи хеш мегирад. Ноасл.
-Бовар макун ба дӯстат, - гуфт Абдурашиди Шариф.
-Афсӯс, ки мо на ҳамеша панди бузургонро сармашқи кори хеш мекунем.
-Дигар ин ҳама афсӯсу надомат аз мушти пас аз ҷанг ба ёд омада беш нест ва агар сабукии кори хешро хоҳед, имкон доред, ки чун Амин Аскар бо мо ҳамкорӣ намоед, дар акси ҳол...
-Дар акси ҳол чӣ?
-Он даҳ килограмм бор чун далели шайъӣ дар дасти мост ва боз нишондоди Амин Аскар.
-Тасаввур намудан душвор аст, ки чӣ тавр замин чунин афродро бардоштааст ва бубин як ронандаи одиро чӣ фикру хаёле дар сар будааст.
-Шояд аз ин пештар ҳам шумо дар куҷое ба хато роҳ дода бошед ва ин амалатон боиси таваҷҷуҳи зердастатон гашта, вагарна кӣ дидааст, кадом як ронандае суҳбат бо сарварашро пинҳонӣ ба телефон сабт намояд?
-Дар ёдам нест.
-Албатта, дар рафти суҳбат мо боз сари ин масъала хоҳем баргашт, ҳоло бошад, ман донистан мехоҳам, ки шумо аз рӯи нишондоди Амин Аскар худро гунаҳкор меҳисобед ё не? - пурсид муфаттиш.
-Ҳа, қисман худро гунаҳкор меҳисобам.
-Чаро пурра не?
-Чунки ронанда ба бовари ман даромада, маблағи калони пулӣ қарз гирифт, вале қарзро муддати дароз ҷо ба ҷо карда натавонист ва чунин роҳи ҳисоббаробаркуниро пешниҳод намуд. Аз гургхӯрда пӯст гуфта, ман ҳам розӣ шудам.
-Қосидро кадоме аз шумо ёфтед?





