Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 193 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 193 аз 527 · 2 ноябри 2026

Сайф Ориф ҳам чун ҳама он нафароне, ки аввал ба қонуншиканӣ роҳ дода, сипас аз худ мусичаи бегуноҳ метарошанд, баҳри ҳимояаш хеле далелҳо пеш овард.
Дар зинаи аввали пурсиш ба ёд овардани гузаштаи дури боздоштшударо ба мақсад мувофиқ нашумурдем ва боздошти эшонро ба ҳодисаи боздошти маводи мухаддир аз шаҳрванд Амин Аскар шарҳ додем.
-Гуфтаниед, ки вай бо супориши ман рафта борро овардааст?
-Бале, вай ҳамин хел гуфт.
-Дар пеши даҳон кӯтал нест, ҳарчи хостааст гуфтааст. Худ як қазовот намоед, наход бо чунин доираи тиҷорат ман ба интиқоли маводи мухаддир даст занам?
-Дар аввал мо ҳам чунин андеша доштем, вале худи Амин Аскар ба мо сабти овозатонро, ки характери фармоишӣ дошт, пешниҳод кард ва моро ба ҷуз бовар намудан ба суханонаш чорае намонд.
-Дурӯғ ҳамааш дурӯғ чунки мехоҳед бо ин васила бандаро ба дом андозед. Хобатонро ба об гӯед. Амин ҳаргиз дар нисбати банда чунин амалро раво нахоҳад дид.
Баробари пахш намудани тугмачаи диктофон дар фазои дафтари кори муколаммаи ду нафар танинандоз гашт:
...”Дучархаат дар кадом ҳолат қарор дорад?
-Чун ҳамеша.
-Набошад фардо субҳ ба роҳ баромаданат лозим.
-Бо мошин равам - чӣ?
-Бор чандон кироӣ нест, ҳамагӣ даҳ килограмм ё дучарха қудрати даҳ килограмм борро бардоштан надорад?”
-Аминам, ки овози худ ва ронандаатонро шинохтед?
Бояд ёдовар шавам, ки ба мақсади амон мондани сари хеш Амин Аскар ҳамкориро бо мақомотҳои тафтишоти афзалтар шумурда, ихтиёрона сабти овози шуморо, ки характери фармоишӣ дошт, ба мо пешниҳод намуд.
-Бовар намекунам, ки Амин ба чунин амали паст даст зада бошад.
-Аёнро чӣ ҳоҷат ба баён ва ё собит намудан мехоҳед, ки ин овози шумо нест, - пурсид муфаттиш Нӯшини Азиз.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан