Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 192 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 192 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Вай қариб гуноҳро пурра ба гардан гирифт, ҳатто андеша накарда бо тапонча сару кор доштанашро ҳам гуфт, - хомӯшии ба вуқӯъпайвастаро шикаста гуфт лейтенанти калони милиса.
-Ӯ дар бораи тапонча ҳатто каломе ба забон наовард, ба ҳар ҳол ман ҳамин суханро нашунидам.
-Дуруст, рафиқ капитан, ӯ аслан номи тапончаро ба забон нагирифт ва ман ҳам аз пурсиши бармаҳал худдорӣ намудам, вале аз рӯи “Оинномаи ҳарбӣ” хариташинос ба ҷуз автомат бо тапонча ҳам муҷаҳҳаз карда мешавад, - гуфт Абдурашиди Шариф.
...38...
Саргарми нишондоди Амин Аскар шуда, мо қариб ба саҳланигорие, ки анҷомаш ноаён буд, роҳ медодем. Дар замоне, ки мо бо ронандаи мототсикл сари суҳбат қарор доштем, гурӯҳи назорати техникӣ беш аз даҳ маротиба кӯшиши ба алоқа баромадани Сайф Орифро бо Амин Аскар ба қайд гирифтанд. Маҳз ҳамин гӯруҳ ба суоли мо дар бораи мавқеи ҷойгиршавии алоқачӣ чунин хабар дод:
-Нафаре, ки кӯшиши ба алоқа баромаданро намуда истодааст, айни вақт дар минтақаи фурӯдгоҳи байналмилалӣ қарор дорад...
-Дар асоси дархости таъҷилии мо ҳампешагонамон аз милисаи фурӯдгоҳи пойтахт Сайф Орифро аз пеши зинаҳои тайёраи “Боинг – 347,” ки бо хатсайри Душанбе – Бишкек нияти парвоз дошт, боздошт намуданд.
Барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҳамроҳи сарвари гурӯҳи тафтишотӣ муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз, лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф низ ба фурӯдгоҳ рафт ва соате пас он марди фирориро ба прокуратура оварданд.
Сарвари гурӯҳи тафтишотӣ худ пурсиши Сайф Орифро ба душ гирифта бошад ҳам, иштироки моро низ ҳангоми пурсиш ҳатмӣ шумурд. Бо баъзе сабабҳо хостем аз пайи корҳои дигар шавем, вале муфаттиш моро бовар кунонид, ки қарсак аз ду даст садои хуштаре дорад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан