Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 191 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 191 аз 527 · 2 ноябри 2026

...
-Ҳарчанд шумо ҳуқуқ доред, ки бар зарари худатон нишондод надиҳед, вале дар вазъи ба амал омада ин кор ба манфиати шумо нест. Хуб андеша намоед.
-Модоме ӯ дар зери назорати шабонарӯзист, аҷаб нест, ки савғоро аз ташхиси махсус нагузаронида бошанд. Худо накардаву он ҳамаро дигар кас истеъмол накарда бошад.
-Магар ин овози шумо нест? – диктафонро сари вақт хомуш намуда пурсид Абдурашиди Шариф.
-Боз дар бораи мо чиро медонед? - ба ҷойи ба суол посух гуфтан пурсид Амин Аскар.
-Донистан ё надонистани мо чандон муҳим нест, муҳим он аст, ки то кадом андоза шумо пушаймонии хешро барои кирдорҳои ғайриқонуниатон ба душ мегиред.
-Рафту ман ҳамаро инкор намоям - чӣ?
-Дар он сурат мо кӯшиш мекунем, ба ҳамаи суолҳои бе ҷавоб монда аз дигар самт, бо дигар роҳҳо посух бигирем ва ҳамаи он посухҳо чун далели шайъӣ дар ифшои кирдорҳои ғайриқонунии шумо хизмат хоҳанд кард.
-Бе иштироки ҳимоячӣ дигар каломе ба забон нахоҳам овард, мефаҳмед?
-Фаҳмидем, - гӯён ман тариқи телефони дохилӣ аз навбатдор хоҳиш намудам, ки ду шахси холисро ёфта, ба дафтари кориам фиристад.
-Тахминан баъди панҷ – шаш дақиқа ёрдамчии навбатдор сержанти милиса Акбаршои Ҳайдар ҳамроҳи ду шахси холис рухсат пурсида, вориди дафтари корӣ шуданд ва мо дар ҳузури холисон протоколи боздошти муваққатии Амин Аскарро тартиб дода, баъди гирифтани имзои иштирокчиён боздоштшударо ба ИВС фиристодем. Нусхаи протоколли боздошт намудани Амин Аскарро ҳамоно тариқи котибот барои маълумот ба прокуратура равон намудем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан