Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 190 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 190 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Аз ин бармеояд, ки шумо пештар ҳам аз пинҳонгоҳи гуфтаатон чунин навъи борро барои супоришдиҳанда дастрас намуда будед?
-Не, ин маротибаи аввал аст.
-Бовари кас намеояд.
-Чаро?
-Чунки кас наметавонад дар минтақаи ношинос чунин халтаи хурдро базудӣ дарёбад ё шумо пештар ҳам дар Обшорон будед?
-Не, набудам.
-Агар чунин аст, шояд шумо дар солҳои хизмат дар сафи Артиш бо харита сару кор доштед?
-Ҳа, ман топографи қисми низомӣ будам.
-Дар артилерия?
-Не, дар қӯшунҳои хушкигард ё худ пиёданизом.
-Дар кадом вазифа?
-Муовини командири рота.
-Унвони ҳарбиатон?
-Старшина.
-Барои шахсони ба хизмати умумии ҳарбӣ даъватшуда ин мақоми хеле баланд аст ва мо донистан мехоҳем барои кадом дастовардҳоятон ба чунин мақом мушарраф гардидед?
-Баъди шаш моҳи хизмат шарафи қисми ҳарбиро дар муҳорибаҳои панҷҳарба (биатлон) ҳимоя намудам ва бандаро бо унвони сержанти хурд сарфароз гардониданд. Боз дар чандин ҳамин гуна мусобиқаҳо ширикат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидам.
-Нашуд.
-Чӣ нашуд?
-Рафти суҳбати шумо бо Сайф Ориф ба нишондоди ҳозираатон ҳамоҳанг нашуда истодааст, - гуфтам ман ба ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ супориш додам, ки тугмачаи диктофонро боз зер намояд.
...”Аз курер дар бораи вай худозада пурсон шав, аз он чӣ ки натиҷаи кор аён нест, пас маълум мешавад, ки савғо ба дасташ нарасидааст.” -Аз супориши гирифтаатон бармеояд, ки шумо борро аз курер гирифтед, вале бало ба паси ҳамон курер, бигузор дар ин ҷода гуфт гуфти шумо монад, вале мо донистан мехоҳем, ки Сайф Ориф боз кадом як худозада ва чӣ хел савғоро дар назар дорад?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан