-Ман ба шумо ҳамин хел ҳам бовар мекунам, - гӯён боздоштшуда хост ҳамоно ба ҷойҳои дар баёнот нишонагузошта имзо гузорад, вале мо худ монеаи ин кор шуда, ӯро ба хондани нишондодаш ҳидоят намудем ва танҳо баъди хондан барои имзо гузоштанаш ба вай рухсат додем.
-Хуш ана имзо ҳам гузоштам.
-Ин ҳанӯз анҷоми кор нест.
-Боз чӣ мехоҳед?
-Ҳақиқатро.
-Чӣ хел ҳақиқат, модоме ки ман гуноҳи кадом як мӯйсафеди оқипадарро ҳам ба душ гирифтам.
Бо ишораи банда Абдурашиди Шариф тугмачаи диктофони кайҳо омода намудаашро пахш кард...”Бор чандон кироӣ нест, ҳамагӣ даҳ килограмм ё дучархаат қудрати даҳ киилограмм борро бардоштан надорад?
-Чаро надоштааст?
-Ана барои ҳамин бо дучарха рафтанат беҳтар, ба замми ин милиса ҳам ба дучарха чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад...”
-Гумон мекунам овози хешро шинохтед?
...
-Мо донистан мехоҳем, ки ин суҳбатро дар куҷо ва бо кӣ анҷом додаед?
...
-Хуб мешуд, ки баҳри сабуктар намудани гуноҳи хеш бо тафтишот ҳамкорӣ менамудед. Бори дигар мепурсем, ки кай ва дар куҷо ин суҳбат баргузор шуд? Супоришдиҳандаро чӣ ному насабест?
-Ӯро Сайф Ориф ном аст. Суҳбат бошад, дар дохили мошин рух дод.
-Гуфтаниед, ки бо супориши Сайф Ориф рафта борро гирифта баргаштед?
-Бале.
-Борро аз куҷо ва аз дасти кӣ гирифтед?
-Аз баромадгоҳи ноҳияи Обшорон аз пинҳонгоҳе.
-Шояд аз дасти қосид гирифта бошед?
-Не, аз пинҳонгоҳ гирифтам.





