-Ҳамааш ҳамин?
-Ҳарчи буд ҳамонро гуфтам, боқӣ ихтиёр шуморост.
-Ҳаққи хизмататонро мӯйсафед пардохт намуд?
-Як дуо, дуояш аз сараш монад. Лаънатӣ по бар лаби гӯр мондаю...
-Одамро шинохтан душвор.
-Ман ҳам вайро одам гумон карда мототсиклро боздоштам ва рафту заррае аз амалҳои нопокаш гумонбар мешудам, асло борхалтаашро ҳам намегирифтам.
-Одам шири хомхӯрда, - бори аввал ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт Абдурашиди Шариф.
-Раҳмат ба гузаштагонатон додар.
-То ҷое мо фаҳмидем, шумо гуноҳе надоред ва тасодуфан қурбони ин ҳодиса шудед.
-Гуноҳи ман ҳамин, ки ба вай мӯйсафеди хонасалот бовар намудам. Рост гуфтаанд, ки бовар макун ба дӯстат, ки коҳ ҷой кунад дар пӯстат. Акнун андешаи онро дорам, ки ба гумон аст пирамард номашро ҳам дуруст гуфта бошад.
Писараш ҳам шояд дар дидбонгоҳ боздошт намудани маро дида, аз он маҳал думро хода карда бошад. Пас ба ҷуз банда боз кӣ метавонад ҷавоби ин бори зормондаро диҳад. Мардум беҳуда намегуфтаанд, ки “қанд ҳам хурдӣ, дам мазан, фанд ҳам хурдӣ, дам мазан.” Бубин он мӯйсафеди гӯрсӯхта чӣ хел маро фиреб дод...
-Дар вазъе, ки шумо қарор доред, албатта, пофишорӣ маъное надорад, вале мо бояд шуморо огоҳ намоем, ки қонун барои харид, фурӯш ва истеъмоли чунин навъи маводи мухаддир ҷазои ниҳоят сахтро пешбинӣ намудааст, пас мехоҳем андеша намоед, ки ба кадом хотир сари хешро ба бало гузоштан мехоҳед.
-Ман аллакай ҳамаашро гуфтам.
-Чӣ илоҷ, агар иловае надошта бошед, мехостем ба нишондодатон шинос шуда, гуфтаҳои худро бо имзоятон тасдиқ намоед, - гӯён ман нишондоди Амини Аскарро ба пешаш гузоштам.





