-Бисёр хуб, акнун илоҷе намуда, дар даромадгоҳи шаҳр мототсиклчиро ҳангоми бозгашташ боздоред!
-Шояд вайро то ба манзилаш дунболагир шавем?
-Мо вайро акнун аз худаш беҳтар мешиносем ва шарт нест ба таваккале, ки анҷомаш ноаён аст роҳ, диҳем.
...37...
...Гуфтам ва боз мегӯям, ки бор аз худам нест, рафту агар медонистам, ки дар дохили борхалта маводи мухаддир аст, магар онро мегирифтам?
-Пас чӣ тавр борхалта бо чунин маводе, ки сари кас ба бод медиҳад, ба дасти шумо афтод?
-Мӯйсафедеро сари роҳ дидам, даст бардошт истодам.
Гуфт: “Писарам, бало камбағалӣ шавад, як соат сари ҳамин роҳам ва ҳар қадар даст бардоштам, ягон мошин наистод. Ба шаҳр рафтанам лозим, наберачаам зодрӯз дорад, вале ба гумон аст, ки дар ин дучархаи худат мувозинатамро нигоҳ дошта тавонам, боз нашаваду афтода ба сари худат ягон балоро биёрам. Мебинам, ки бачаи муъмину мусулмонӣ ва ҳеҷ гоҳ ба амонат хиёнат намекунӣ, рафту агар хотири маро бубинӣ, аққалан ҳамин туҳфаи маро, ки аз мағзу мавиз иборат аст, барои зодрӯзи набераам мебурдӣ. Ман ба писарам занг зада мегӯям, ки дар дарвозаи шаҳр туро интизор шавад.” Ба ҳоли мӯйсафед дилам сӯхт ва борхалтаашро гирифтам.
-Ному насаби мӯйсафед?
-Бобои Анвар, насабашро напурсидам. Он кас гуфт, ки дар ҷойи истиқомат ҳама маро бобои Анвар мегӯянд ва мешиносанд. Хайр ба ман ному насаби вай лозим ҳам набуд, ба фикрам, ӯ рақами мототсиклро ҳам дид. Мӯйсафед гуфт:
“Сад метр пас аз дарвозаи шаҳр писарам Ҳусейн сари роҳи калон омаданатро интизор мешавад ва борхалтаро мегирад.”
-Пас чаро дар пеши дидбонгоҳ Ҳусейн омада борхалтаро нагирифт?
-О, шумо ва зердастонатон дар дидбонгоҳ қиёматро ба по хезонидед ва аз он шӯру валвалае, ки барпо намудед, соҳиби бор он тараф истад, ҳатто шайтон ҳам мегурехт. Рафту агар сад, дусад метр аз дидбонгоҳ поёнтар меистодед, Ҳусейни Анварро ҳам медидед, вале шумо худ сабабгори фирор намудани ӯ шудед.





