...36...
-Дучархаат дар кадом ҳолат қарор дорад?
-Чун ҳамеша.
-Набошад фардо субҳ ба роҳ баромаданат лозим.
-Бо мошин равам - чӣ?
-Бор чандон кироӣ нест, ҳамагӣ даҳ килограмм ё дучархаат қудрати бардоштани даҳ килограмм борро надорад?
-Дорад.
-Ана барои ҳамин бо дучарха рафтанат беҳтар, ба замми ин милиса ҳам ба дучарха чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад.
-Бошад.
-Аз қосид (курер) дар бораи вай худозада пурсон шав, аз он ки натиҷаи кор аён нест, пас маълум мешавад савғо ба дасташ нарасидааст.
-Модоме ки ӯ дар зери назорати шабонарӯзист, аҷаб нест савғоро аз ташхиси махсус нагузаронида бошанд. Худо накардаву он ҳамаро дигар кас истеъмол накарда бошад.
-Як кори одиро ҳам дуруст ба анҷом расонида натавонистед. Исто, ки он духтар худатро мешиносад?
-Ба гумон аст.
-Чӣ хел ба гумон?
-Охир ман бо тоскулоҳ будам.
-Шабат хуш, мошинро дар таваққуфгоҳи наздикии хона гузоред, фардо ман худам рафта онро мегирам. Ба қосид саломи маро расонед, гӯед, ки ҳафтае пас музди меҳнаташро мефиристем.
-Шаби шумо ҳам хуш бошад.
-Боварӣ доред, ки қаровули таваққуфгоҳ аз вориди мошин шудани шумо ба касе лаб намекушояд? - пурсид Ҳамид Ҷовид.
-Ҳарчанд дар алоқаи расмӣ бо мо қарор надорад, вале ба чӣ кор қодир будани милисаро медонад, - гуфт Абдурашиди Шариф.
-Гуфтаниед, ки қаровул ҷойи гармашро хунук карданӣ нест?
-Ӯ мефаҳмад, ки шӯхӣ бо арбоб чандон хушоянд нест..





