Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 185 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 185 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ба ҳар ҳол мо ба дастгирии шумо ниёз дорем.
-Аслан баҳси мо асосе надорад, рафиқ капитан.
-Чаро?
-Мо аллакай барои ба зери назорат гирифтани воситаҳои алоқа ва мукотибавии ҳарду гумонбаршуда розигии Асад Ғаниро гирифтем ва агар бо чашми ҷаҳонбин ба худи қонун назар афканем, амалиёти навбатии ба нақшагирифтаамон низ ин назорати гуфтугуи гумонбаршудагон баҳисоб меравад.
Пас дубора сари ин масъала баргаштан маъние надорад.
Метавонед дар ин самт низ корҳои ба нақшагирифтаатонро амалӣ созед, - бо нимтабассуми малеҳе бигуфт Нӯшини Азиз.
-Боз нашаваду...
-Ҳамаашро ман ба души хеш мегирам.
Дар асл ҳақ ба ҷониби муфаттиш буд ва ин амалҳоро худамон ҳам медонистем, вале нафаре, ки ҳангоми нушидани шир сӯхтааст, дӯғро ҳам пуф – пуф карда менӯшад. Тайи солҳои кор дар милиса мо борҳо ба чунин амалҳо рӯ ба рӯ гаштаву бо пешниҳоди сарназоратчиёни қонун соҳиби “мукофот” ҳам гашта будем. Албатта. натиҷаи ҳама амалиётҳои бобарор барои иҷрочӣ хатареро ба бор намеовард, вале ҳангоми шикаст ҳамагон ба ҷустуҷӯйи гунаҳкор бармехестанд ва калтакро ба сари ятим мезаданд.
Чун суханони муфаттишро дар мизони ақл баркашидам ва дар он ғубореро надидам бо муфаттиш хайрбод гуфта аз ҷой бархестам...
Иҷрои ҳама гуна амалиёти ҷустуҷӯӣ – оперативӣ ин як мактаби махсус аст ва мутахассисони соҳа ба ҳар як амали хеш чун заргар муносибат менамоянд. Дар асоси нақшаю чорабиниҳои оперативӣ бо супориши бевоситаи сарвари ШКД ба гурӯҳи техникӣ муяссар шуд дар давоми ду шабонарӯзи оянда дар мошини Сайф Ориф асбоби сабти овозро насб намоянд. Интизори тӯл накашид ва пас аз бистуҳашт соат овози Сайф Ориф ва ронандааш мавриди муҳокима ва муколаммаи минбаъдаи мо қарор гирифт...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан