Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 184 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 184 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Хоҳиш мекунам бе андеша сухани қатъии худро нагӯед, охир дар мизони вақт на як, балки якчанд ҷиноят истодааст, ки мо дар содиршавии онҳо аз ҳамон ду нафаре, ки назорати мукотибавиашон бе натиҷа анҷомид, гумонбар ҳастем. Шояд хатои мо он шуд, ки гуфтугуи телефонии онҳоро мавриди назорат қарор додем ва аз вохӯрии ҳаррӯзаи онҳо андеша накардем. Албатта, онҳо дар ҳавои кушод ҳангоми пиёда сайру гашт намудан метавонанд аз мушкилиҳои ба сарашон омада ҳарф зананд, вале чун зиндагии тоҷир ин худ даву тоз аст, фикр мекунам беҳтарин ҷойи суҳбат ин дохили мошин аст. Суҳбатро кӯтоҳкунандаи таноби роҳ гуфтаанд ва ҳангоми сафар онҳо хоҳу нохоҳ саргузаштҳои нопоки хешро ба ёд хоҳанд овард. Рафту агар қисмати хурде аз он “ёддоштҳо” дар лентаи овоз сабт гардад, мо имконияти пурраи боздошти онҳоро меёбем.
-Барои боздошти нафаре, ки нишонаи болои абрӯи росташ дар ду ҳолат мавриди ёдоварӣ қарор гирифтааст, мушкилотеро намебинам.
-Метарсам, ки боз ҳамон ҳолати Файз Камол такрор наёбад.
-Гумон доред, ки вай ҳамаи он ҷиноятҳоро ба душ мегирад?
-Чунин ранг гирифтани рафти ҳодисаҳоро инкор намекунам.
-Дар ҳодисаи ба сари Зокири Қосим омада ҳадаф бараъло намоён аст, вале дар ҳодисаҳои минбаъда рӯи саҳна омада мақсаду мароми ҷинояткор аён нест. Дар ин самт тафтишотро ба гумроҳӣ бурдан хатои маҳз аст. Хоҳу нохоҳ вай номи супоришдиҳандаро ба ёд меорад.
-Рафту агар мо дар ин самт далеле ба даст оварда тавонем, нуран алонур мешавад.
-Албатта, доштани далел хуб аст, вале баҳри ба даст овардани он боз ҳам вақт даркор. Рафту ин амали мо бенатиҷа анҷом ёбад чӣ? Асад Ғанӣ рӯзе нест, ки аз натиҷаи кори мо пурсон нашуда бошад. Прокурорро бовар кунонидем, ки назорати воситаҳои алоқа ва мукотибавӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад, ин ҷо бошад, шумо рафиқ капитан, бо нақшаю чорабиниҳои нав омадед.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан