Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 183 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 183 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Мехостем фаҳмем, ки оё дар байни шиносҳои шумо Файз Камол, Руҳулло Ғаффор ва Зокири Қосим барин шахсиятҳо ҳастанд ё не?
-Ду сол пеш дар тӯйи писари Сайф иштирок намудам ва эшон нафареро бо номи Руҳулло ба ман шинос кард. То ҷое ман иттило ёфтам, замоне онҳо дар ҳайати қӯшунҳои маҳдуди шӯравӣ дар кишвари ҳамсоя қарзи интернатсионалистии хешро адо намуда буданд. Соҳибхона дар он замон насаби Руҳуллоро гуфт ё не, дар ёдам нест. Ман бошам, бо чунин ному насабҳо касеро намешиносам.
-Боз дар бораи Сайф Ориф чӣ гуфта метавонед?
-Қариб ки ҳеҷ чиз, дурусттараш баъди ҳодисаҳои дар тӯйи духтарам рухдода ман то ҳадде аз ҳама шиносҳоям дурӣ меҷӯям. Ин хуб аст ё не, ман худам ҳам намедонам.
-Оё гуфта наметавонед, ки дар маҳали зисти хоҳаратон Сайф Ориф ягон шинос ё хешу табор дорад?
-Намедонам, чунки пас аз он ҳодисаҳо муносибати ману фарзанди падар ниҳоят сард аст.
Бо Сафол Фотеҳ худоҳофизӣ намудам. Кам ҳам бошад, ба банда муяссар шуд, ки дар наздикшавии тарафҳои шадда дар ҳамин як суҳбати кӯтоҳ саҳмгузор бошам. Рӯи роҳи калон баромада, бори дигар нақшаю чорабиниҳои минбаъдаро болои мизони вақт гузоштам ва чун офтоб кайҳо ба ғуруб рафта буд, ба коргоҳ рафтанро то субҳи рӯзи дигар мавқуф гузошта, ба таксие нишаста, суроғаи хешро баён намудам...
...35...
-Хуш, канӣ натиҷаи он ҳама ҷаҳду талошҳоятон? - баробари ба курсӣ нишастанам пурсид муфаттиш.
-Кӣ медонист, ки кор чунин ранг мегирад.
-Пас чӣ бояд кард?
-Боз як талоши мо ба дастгирии шумо ниёз дорад.
-Чӣ хел талош?
-Мехостем воситаҳои сабти овозро дар дохили мошин насб намоем, то аз суҳбати ронанда ва патронаш бохабар шавем.
-Я пас.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан