-Сайф чанд маротиба кӯшиши харидани дӯконҳои тиҷоратии бандаро кард, вале ман розӣ нашудам.
-Вай дар шаби тӯйи арӯсии духтаратон омада буд?
-Ҳа, дар он шабе, ки домоди ёфтаи Бунафшабону қиёматро ба по хезонид, қариб ҳамаи ёру рафиқони наздикам, аз ҷумла Сайф ҳам, он ҷо буд.
-Ронандааш чӣ.
-Ӯ Сайфро овард, вале то охири маърака он ҷо монд ё не, дар ёдам нест. Чӣ шумо аз вай гумонбаред?
-Аз кӣ?
-Аз ронандаи Сайф Ориф.
-Мо қариб, ки аз ҳамаи дар он маҳфил будагон гумонбарем.
-Худоё, наход чунин бошад?
-Агар чунин намебуд, магар мо шуморо дубора ташриф медодем?
-Ба андешаи шумо онҳо ба кадом хотир ба ман бадӣ кардан мехостанд.
-Ҳоло дар ин бора чизе гуфта наметавонем, вале кадоме аз иштирокчиён, ҳамон суханони таҳдидомезатонро ба манфиати хеш истифода бурданӣ шуда, мехост сухани аз забон буруновардаатонро ба гӯшатон чун ҳалқа овезон намояд.
-Аз ин амал ба вай чӣ суд?
-Дар асл ҳеҷ.
-Дар амал чӣ?
-Дур намудани рақиб аз бозори тиҷорат.
-Ба андешаи шумо ин кори дасти Сайф Ориф аст?
-Ҳоло чизе гуфта наметавонем.
-Бубинед чӣ “шаҳде” аз он эҳсосот боқӣ монда.
-Худро мазаммат накунед, дигар кас ҳам ба ҷойи шумо мешуд, ба гумон буд, ки дар он лаҳзаҳо эҳсосоташро фурӯ нишонда тавонад.
-Намедонам, вале ман дар мулоқоти қаблиамон ҳам гуфтам, ки он лаҳзаҳоро ба душманам ҳам орзу намекунам.





