Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 181 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 181 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ному насаби шунавандагонро гӯед, мо худамон пайвастагиеро дар суханони шумо ва амали ҳар кадоме аз онҳо дар алоҳидагӣ ҷӯё мешавем.
-Фирӯза, Гулсуман, Шаҳло, Моҳтоб ва Садорат.
Насабашонро намедонам, се нафари аввала дар бинои мо ва Моҳтобу Садорат дар бинои муқобил зиндагӣ мекунанд.
-Чун мо то кунун қотилро дастгир нанамудаем, ба хотири бехатарӣ ба Некрӯз тавсия медиҳем, ки муддати чанд рӯз макони зисташро дигар намояд. Хуб мешуд, ки муддате шаҳрро тарк мекард. Беҳтар мебуд муддате аз хизмати телефони мобилӣ худдорӣ мекард. Рафту агар чунин имконият надошта бошед, мо худамон ягон илоҷашро меёбем.
Дарвоқеъ ҳар нафаре, ки ба суроғи Некрӯз меояд ё кӯшиши дар куҷо будани вайро мекунад, гӯед, ки дар тарабхонаи “Симин” ба ҳайси ошпаз ба кор даромадааст. Сипас, дар ин бора ҳатман бо мо дар тамос шавед.
-Як сол боз Некрӯз дар ягон ҷо кор намекунад, пас чӣ тавр метавон вайро ба ягон ҷойи дур фиристод. Шояд худатон ин тарафи корро ба уҳда мегиред?
-Бошад.
...34...
-Болои абрӯвони росташ гуфтед? - пурсид Сафол Фотеҳ.
-Бале.
-Ӯ ронандаи Сайф Ориф аст.
-Ному насабаш?
-Амин ё Амир, насабашро намедонам.
-Сайф Ориф кист?
-Вай ҳам тоҷир аст, метавон гуфт, ки доираи фаъолияти мо қариб якхела аст.
-Чӣ хел?
-Сайф ҳам чун ман ба фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ машғул аст.
-Рақобат дар байнатон ҳаст ё не?
-Магар тиҷорат бе рақобат мешавад?
-Мехостам дар кадом поя қарор доштани ин рақобатро шарҳ медодед.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан