Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 180 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 180 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Пас аз ҳамон гуфтугӯи кӯтоҳ ман дигар вайро надидам, мисле ки ӯро замин фурӯ бурда бошад. Баъдтар аз ин кирдорам пушаймон шудам, вале боз андешидам, ки дигар оби рехтаро ҷамъ кардан имкон надорад.
-Дар нисбати таҳдидҳои собиқ падарарӯсатон чӣ гуфта метавонед?
-Баъди ду рӯз маро бе ягон асос аз корам озод намуданд.
Сараввал андешидам, ки сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест ва ба чанд тарабхонаи дигар барои кор муроҷиат намудам, вале бенатиҷа.
-Чаро барои барқарор намудани ҷойи коратон ба суд муроҷиат накардед?
-Дар ин бора ба чанд нафар муроҷиат намудам, вале онҳо аз кию чикора будани падарарӯсам огоҳӣ ёфта гуфтанд, беҳтар аст, ки дубора бо оташ бозӣ накунам.
-Агар аксбардорро бинед, мешиноседаш?
-Ҷавони қоматбаланд чун ман, шояд як – ду сол аз ман калонтар бошад ва гумон мекунам, ки ҳамон захми болои абрӯяш муаррифгари ӯ хоҳад шуд.
-Мехостем фаҳмем, ки ҳамон рӯзи аз назди қабристон ба хона баргаштанатон ба ҷуз модар дар ин бора боз бо каси дигаре забон накушода будед?
-Не.
-Пас мо бар он назарем, ки кадоме аз ҳамсояҳои шумо аз рафти амалҳои якҷояамон ба дигаре хабар додааст. Ин амал баъди овозаҳо ба таври мустақим рух додаанд ё ғайримустақим мо намедонем, вале дар ин самт низ мо бояд дастгирӣ ҳамдигар шавем.
-Зид нестам.
-Шумо гуфтед, ки он рӯз дар саҳни ҳавлӣ ҳамагӣ чор – панҷ нафар ҳамсоя буд, вале моро бовар кунонидед, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо дар нисбати шумо бадиро раво нахоҳанд дид.
-Барои аз нафаре гумонбар шудан ман асосе надорам.
-Мехостам ному насаби ҳамаи он занҳоеро, ки дар суҳбати онрӯзаатон ҳузур доштанд, номбар мекардед.
-Инаш барои чӣ? Охир онҳо Некрӯзро чун фарзанд дӯст медоранд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан