Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 179 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 179 аз 527 · 2 ноябри 2026

Эҳ модар, модар чӣ хел ту бузургӣ ва ба хотири ҳифзи фарзанд ба чӣ ҷоннисориҳое даст намезанӣ! Охир барои марди мусулмон дар тарозуи вақт гузоштани шири сафеди модар - ин интихоби роҳе ба олами руъёст. Ҷанат, ки ризои мо дар он аст... Ана чӣ роҳеро имрӯз модар пешорӯи писар гузошт ва дуюмин ба санади таслимшавӣ имзо намуд...
Некрӯз дигар пофишорӣ накард. Гуфт нафаре, ки арӯсшавандаашро бо факту далелҳо бад намуд, қариб ки ҳамсоли худи вай аст. Номашро нагуфтааст, вале аз рӯи нишонае, ки болои абрӯвони росташ дорад ӯро метавонад шиносад.
-Чӣ хел нишона? - пурсид Абдурашид.
-Болои абрӯяш аз тарафи рост як доғе чун доғи пас аз захм гирифтан боқӣ монда.
-Дар он маросим чӣ тавр вай тавонист гуноҳи арӯсшавандаатро бо факту рақамҳо ба худат нишон диҳад?
-Дар саҳни ҳавлии арӯс ба шарафи домод хеле рақсу бозӣ намуданд. Дар ҳамин асно нафаре аз аксбардорон ба наздам омада гуфт: “Язнамулло мехостам ба аксҳое, ки шуморо сабт намудам, як баҳо медодед.” Розӣ шудам ва аз назди ҷӯраҳоям чанд қадам дуртар рафтам. Сараввал ӯ аксҳои ҳамон лаҳза гирифтаашро нишон дод ва сипас ман чанд акси арӯсшавандаамро ҳангоми бӯсобӯсӣ бо дигаре дидам.
Аҳволам бад шуд, вале вай гуфт, ки “чун мисли худам бачаи камбағал ҳастӣ, дилам ба ҳолат сӯхт ва хостам сари вақт ҳушдорат созам. Арӯс ҳарчанд меваи шохи баланд аст, вале покдомон нест. Боқӣ ихтиёр турост. Чун мард туро огоҳ намудам ва хоҳиш мекунам ин гапҳо байни ҳардуямон монад.” Дар он лаҳзаҳо моро ба хона таклиф намуданд. Соате пас масъалаи никоҳро ба миён гузоштанд ва ман дигар тоқат карда натавониста, аз ҷой бархеста берун баромадам. Ҳарчанд каломе ба забон наовардам, вале аёнро дигар ба баён ҳоҷат набуд. Чӣ шӯру валвалае барнахост ва аз беандешагии ман он шаб тӯйхона ба мотамсаро табдил ёфт.
-Аксбардор куҷо шуд?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан