Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 178 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 178 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Шумо не, вале Некрӯз бо мо дар ин самт ҳамкорӣ кардан намехоҳад, ки ин танҳо бар зарари худи ӯст. Мо бар он назарем, ки Некрӯз номи нафареро, ки шубҳаро дар бораи покдомони арӯсшавандааш дар замираш бедор кард, медонад.
Нафаре, ки тӯйро ба мотам табдил дода тавонист, ба ҳама кор қодир аст, чунки вай бе ҳадафи муайян ба ин кор даст назадааст...
-Ман дар ин бора бо вай гуфтугӯ хоҳам кард, вале намедонам ин ҳама талошҳо ягон натиҷае медиҳад ё не.
-Модар ба ҳама кор қодир аст, боварӣ дорем, ки ин кор ба шумо даст медиҳад.
-Сараввал ман бо вай дар танҳоӣ суҳбат кардан мехоҳам ва чун ба хона равем, ҳамоно сари ҳамин масъала бармегардам.
-Вақт интизор намешавад, беҳтар мешуд, ки бо вай дар ҳамин ҷо суҳбат мекардед.
-Дар ин ҷо ва боз дар ҳузури шумо ба гумон аст ӯ аз нишондоди аввалааш баргардад.
-Шумо дар ҳамин ҷо дар танҳоӣ суҳбат намоед, мо бошем баромада меравем, - ман ҳуҷҷатҳои болои мизро ба сейф гузошта, ба Абдурашид супориш додам, ки Некрӯзро дубора ба дафтари кори даъват намояд. Чун Некрӯз дубора вориди дафтари кории ман шуд, мо ӯро ҳамроҳи модараш танҳо гузошта, аз дар баромадем...
Суҳбати модару фарзанд хеле тӯл кашид ва мо беш аз ним соат дар саҳни ҳавлӣ гаштугузор намудем. Маҳз ҳамин баҳси тӯлонӣ дар замири мо шӯълаеро бедор кард. Дар интиҳо модари Некрӯз ба шишаи тиреза ангушт зад ва мо суроби вайро бо нимтабассуме дар паси оинаи шаффофи тиреза дида, ба самти бино ҳаракат намудем. Чун вориди дафтари корӣ шудем, Некрӯзро сар ба зер афканда ва модарашро бо чашмони ашколуд дидем. Маълум буд, ки баҳри дарёфти ҳақиқат модар чӣ талошҳое накардааст ва танҳо баъди суҳбат бо Некрӯз ва аз дар баромадани вай модар гуфт, ки дар тарозуи вақт шири сафедашро гузоштааст. Маҳз ҳамин амали модар дар ниҳоди фарзанди хапаку дамдузд як туғёнеро ба бор оварда, дар сари ин дуроҳаи аз пешаш баромада, ӯро ба андеша водор намудааст...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан