Новобаста аз ҳама шикаст дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ мо муайян намудем, ки қотил ва ҷабрдида ҳарду заволаи як хамиранд. Маҳз аз ҳамин кунҷ ба рафти корҳои ҷустуҷӯӣ нигоҳ намоед,- амр дод сардори милиса.
...33...
-Бовар намекунам.
-Мо қарзи шаҳрвандии хешро ба ҷо овардем, боқӣ ихтиёр шуморост.
-Чаро ва ба кадом хотир қасд ба ҷони ҷигарбанди ман менамуданд, модоме ӯ ба касе бадӣ накардааст?
-Ҳадафи қотил Некрӯз не, балки Сафол Фотеҳ аст. Чун дуюмин дар шаби тӯи арӯсию домодӣ ба фарзанди шумо таҳдид намудааст, қотил ҳамин ҳолатро ба манфиати хеш истифода бурдааст.
-Чанд рӯз пеш гуфтед, ки касе мехоҳад Некрӯзро ба зери шубҳа гузорад.
-Инкор намекунем, ки чанд рӯз пеш мо дар ҳамин андеша будем, вале рафти ҳодисаҳо бархилофи андешаҳои мо баромаданд.
-Чӣ хел бар хилофи андешаҳо?
-Сараввал қотил мехост Некрӯзро дар иҷрои он амали нангин ё худ дар садамаи автомобилӣ ба зери шубҳа гузорад.
Чун ин кор амалӣ мегашт, шумо аз қудоятон домонгир мешудед ва тафтишот ӯро то собит шудани бегуноҳияш мавриди санҷиш қарор медод. Чун Сафол Фотеҳ соҳибкори муваффақ аст, баъди чунин кашмакашиҳо мақому манзалати хешро аз даст медод, чунки дар тиҷорат бо афроде, ки таваҷҷуҳи тафтишотро бедор намудааст, касе сару кор гирифтан намехоҳад. Ҳаминаш барои нафаре, ки фарзанди шуморо ба зери шубҳа меандохт, басанда буд, чунки вай бо як тир ду нишонро мезад. Сараввал гумонро аз худ дур мекард, дуюм ҳисобҳои хешро бо нафаре, ки дар нардбони зиндагӣ чанд зина аз ӯ болост, баробар менамуд.
-Акнун шумо бар он назаред, ки вай метавонад қасд ба ҷони Некрӯзи ман намояд?
-Мо аллакай андешаҳои хешро дар ин бора гуфтем.
-Гумон доред, ки ман чизеро аз шумо пинҳон мекунам?





