Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 176 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 176 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ҳамааш аз бад бадтар шуд, - гӯед баъди шунидани гузориши мо гуфт сарвари милиса.
-Ҳамааш ҳамин хел, рафиқ полковник.
-Баъди вохӯрӣ бо вай ба кадом хулоса омадед?
-То кунун мо доираи фаъолияти эшонро ба пуррагӣ мавриди таҳлил қарор надодаем, вале ин тарафи масъала чандон мушкилотеро ба бор нахоҳад овард. Бояд зикр намоем, ки Сафол Фотеҳ соҳибкори муваффақ аст. Доираи кору фаъоляташ фурӯши масолеҳи сохтмонӣ. Пас чӣ тавр метавонад нафаре, ки бо бисёре аз мамолики ИДМ дар тиҷорат ҳамкорӣ дорад, бо кадом як нашъаҷаллобе сару кор гирад.
-Хуб мешуд, то пурра омӯхтани доираи фаъолияти эшон аз хулосабарорӣ худдорӣ менамудед!
-Итоат.
-Рафту агар баъди омӯзиш нигоҳи шумо нисбати Сафол Фотеҳ мусбӣ арзёбӣ шуд, - бори дигар бо Некрӯзи Нодир ва модараш суҳбат намоед. Онҳоро бовар кунонед, ки мақсаду мароми нафаре, ки мехост вайро ба гирдоби бало тела диҳад, дигар аст.
-Кӯшиш мекунем.
-Андешаҳои шумо, рафиқ лейтенанти калон, дар ин бора?
-Рафту агар ҳодисаҳо дар ҳамин шакл сурат гирифта бошанд, сарчашмаи ин ҳама нобасомониҳоро аз ҳамон тӯй ҷустан лозим мешавад. Дар он маҳфил нафаре чун гург дар ҷомаи меш иштирок намудааст, то арӯсро дар чашми домод сиёҳ намояд. Сипас, вай чун тамошобин ба рафти ҳодисаҳо назорат намуда, таҳдидҳои падари духтарро ба мақсадҳои нопоки хеш истифода намудааст.
-Зер ва забар доштани сухан ҳам дар ҳамин аст. Баъзан инсон ба эҳсосот дода шуда, алфозеро ба забон меоварад, ки метавонад сари сабзаш ба бод диҳад. “Дузд дуздро дар шаби тор мешиносад” гуфтагӣ барин, як суханчин баҳри амалӣ намудани қисме аз мақсадҳои нопокаш аз хизмати суханчини дигар мисли Авази Аъзам истифода бурдааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан