-Мо ҳам дарду алами шуморо мефаҳмем, вале ҳамон як каломи ба забоновардаатон асос шуд, то шуморо ба ин ҷо даъват намоем, - гуфт Абдурашиди Шариф.
-Чӣ хел калом?
-“Туро чунон кунам, ки аз ба дунё омаданат пушаймон шавӣ.”
-Он чӣ ки аз дастам меомад, дар ҳақи вай носипос кардам ва ҳаргиз дастонамро дар хуни чунин аблаҳон олуда нахоҳам сохт. Ҳаминаш намерасид, ки аз рӯи кадом як оқипадаре ман боқимондаи умрамро дар паси панҷара пушти сар намоям.
Ҳаволаи бад ба Худо, ҳарчӣ ҳам гуфта бошам, дар ҳолати ҳаяҷони гуфтам. Дар маърака беш аз сад нафар “тамошобин” буд. Ба номи Офаридгор қасам, ки ман худро ҳеҷ гоҳ чунин залилу ҳақир ҳис накарда будам. Агар ман хуни вайро рехтанӣ мебудам, ҳамон лаҳза мерехтам ва ҳама ба ҳимояам бармехестанд. Баъди он ҳодиса ман бисёр андеша намудам, ки кадом як нотавонбини ман алами Исоро аз Мӯсо гирифтанӣ шуда, духтари маро, ки ба покдомонияш касе шубҳа надошт, дар шаби тӯяш дар назди нафаре, ки тарбияи дурустро надидааст, сиёҳ намуда бошад, вале ба хулосае омада натавонистам. Хуб мешуд, ки худи ҳамон аблаҳро ҳамроҳи модараш оварда мепурсидед, ки чаро тӯйро ба мотам табдил доданд ва маслиҳатгари онҳо дар ин ҷода кӣ буд?
Рафту агар ҳамин кор ба шумо даст диҳад, як умр сипосгузоратон хоҳам буд. Ба ҳар он чӣ ки дар зиндагӣ ман комёб шудам, ин натиҷаи меҳнати ҳалоли худам ҳаст ва маро аз ҳеҷ санҷишу тафтише ҳам боке нест, вале новобаста аз ҳамаи ин ман насиҳати падарро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода, бо нафаре, ки аз шавҳараш ҷудо шуда, тарбияи писарро дар алоҳидагӣ ба душ гирифтааст, риштаи хешутабориро пайвастан хостам. Ҳар кӣ нагирифт панди падар, сазои сараш аз ин бадтар ва банда низ яке аз носипосоне ҳастам, ки сухани қиблагоҳамро ба замин мондам...
Мо боз ба чанд суоли хеш посух гирифта, муваққатан бо Сафол Фотеҳ худоҳофизӣ намудем. Пас аз гусели вай ману Абдурашид ба ҳузури сарвари ШКД рафтем, то эшонро аз шикастҳои пай дар пай корҳои ҷустуҷӯӣ огоҳ намоем.





