Ба ҳамаи ин шиносоии сард нигоҳ накарда, ягон тағйиротеро дар симои эшон пай набурдем. “Маълум ки гурги борондида аст,”- аз дил гузаронидам ман.
-Хуш, чӣ хизмат?
Мо мақсади ташрифи хешро қариб, ки дар як ҷумла баён намуда, пешниҳод намудем, ки агар малоли хотирашон наояд, барои суҳбат ҳамроҳамон то милиса равад.
-Қонун қонун аст ва, албатта, шумо вакилони қонун бе сабаб ба суроғи банда наомадаед, вале афсӯс, як пиёла чойи моро нанӯшида меравед.
-Чой гурехта намеравад ва насиб бошад, албатта. ягон вақт омада онро менӯшем, соҳибхонаро бовар кунониданӣ шуд Абдурашид.
-Ман ҳозир, - гӯён соҳибхона маъзарат пурсида, баҳри тағйири либосҳояш рафт ва пас аз панҷ - шаш дақиқа баргашта гуфт, ки барои ҳамроҳи мо рафтан тайёр аст.
Муносибати эшонро дида, ҳатто бовар карда наметавонистем, ки вай ба кори баде даст зада тавонад. Аз мошин фаромада, рост ба ошиёнаи дуюм ба дафтари кории Абдурашиди Шариф рафтем. Дар дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ мақсади аниқи хешро баён намудем.
-Дар ҳақиқат, аз тарабхона ронда шудани вай тирмизак кори дасти ман аст, вале дигар бо ӯ чӣ шуду чӣ не, ман хабар надорам. Ногуфта намонад, ки духтари ман ҳам бе шавҳар намонд. Ду моҳ пас аз он ҳодиса вай ба шавҳар баромад.
Иншоолоҳ, ба наздикӣ соҳиби набера ҳам мешавем. Пас ба ман чӣ намерасад, ки дар хуни вай худозада дастамро олуда мекардам. Ба ростӣ, он амалеро, ки вай нобакор дар ҳақи ману духтарам раво дид, ба душманам ҳам орзу намекунам. Охир вай метавонист андешаҳои хешро нисбат ба духтари ман як ҳафта ё аққалан як рӯз пеш аз никоҳ гӯяд, вале нагуфт.
Падарам ҳамеша мегуфт, ки “Сафол, бачам, ҳаргиз бо бева сару кор нагир,” вале ба хотири хоҳарам Бунафша, ки аз тарафи домодшаванда кафил шуда омада буд, суханашонро нашикастам ва акнун беш аз як сол мешавад, ки фарзанди падарро низ ба гӯшаи фаромушӣ додаам.





